Зебосанам
Программаи якуми ман дар забони "Фокал"
Видио – магнитофон.
Маро ба институт ба кор таклиф менамоянд.
Муаллими калон
Ба сахифаи ибтидои.
11 январи соли 1987, басти дуввуми дарс мерафт. Тахминан соат 3 –буд. Ман дар утоки ёрирасони математика дафтари корхои санчиширо аз назар мегузаронидам. Ба ман хабар доданд, ки ду нафар мехмон - яке мардбачаи точик ва дигаре духтараки зебои рус омадаанд. Онхо худро хамчун устохои компютерхо муарифи намудаанд. Ман ба пешвози онхо баромадам. Дар хакикат, ду нафар шахсони бегона буданд. Духтараки гуфтаашон шиму костюми "чинс" пушида буд. Палтои кабудчараги дароз дар тан дошт. Дар хакикат зебо буд. Ба монанди он гулсанамоне, ки дар «хазору як шаб» -у, «Симбоднома»-ву ва дигар асархои классиконамон васф менамуданд, хамон тавр. Факат фарк дар он буд, ки муйхояш тиллорангу аз кифташ поёнтар буд. хангоми рохгардиаш лапиш хурда гуё нурафшони менамуданд. Чашмонаш ба монанди осмони соф бегубор каб-кабуд ва дилчасп буданд. Махсусан лабонаш суп- сурх ва чилои дилкаше дошт. Шахсро мафтун менамуд. хохиши бусидани ин лабхоро дар шахс бедор менамуд. (лаби нушаш, лаби нушаш, лаби нуш). Пас аз вохури ва пурсупос ман онхоро ба утоки ёрирасони математика овардам. Чой мондам. Мехмонхо бо забони руси ба сухбати худ овора буданд. Суханронии «духтарак» ва одобу рафтораш ба худаш хело мезебид. Овозаш на тобиши мардона ва на тобиши занона дошт. Гуё махсус буд. Дар як лахзаи кутох овозаи омадани духтараки зебо ки устои компютерхо будааст, дар мактаб пахн шуд. Омузгорон бо хар бахона ба утоки ёрирасони математика меомаданд. Бо мехмонон салому алек намуда «хуш омадед» мегуфтанд. Баромада ба дигарон ин духтари зеборо аз будаш зиёдтар ситоиш менамуданд. Рафикам Ахмадов низ омада дид. Маро охиста ба берун даъват намуд ва гуфт:
- Ситошиши омузгорон дуруст будааст. хусни ин духтарак аз ситоиш зиёдтар аст. Номаш чи? Маро шинос намо. Ман гуфтам:
- Номашро напурсидаам. Барои чи худат напурсиди? Пурсам, баъд мегуям. Мехмонхо дам гиранд. Баъд худашон номашонро мегуфтагистанд, нагуянд баъд мепурсем. холо вакти ин суханхо не, баътар. Ахмадов дарс доштааст. Ба дарс рафт. Ман ба уток даромада чойро дам намудам. Аз муаллим Пулодов Мухаммади (омузгори математика) илтимос намудам ки ба мехмонон нигох кунанд. Як нафар хонандаро ба хонаи чонишини директор оид ба корхои берун аз синфи Шарифов холик фиристодам. Он кас туй доштанд. Омузгорони аз дарс фориг ва инчунин директор дар туй буданд. Ба хонанда супориш додам, ки оиди омадани мехмонхо ба директор ва омузгори харби Рахматов хоча хабар дихад.
Худам дар гами дар кучо чойгир намудани мехмонхо будам. Ман мохи сентябр хонаи нав сохта ба он кучида будам. Дар хона сузишвории анике хам набуд, ки бухориро тасфонем. Ман ду сатилро дарёфт намуда аз мактаб ангиштсанг гирифта бо ду нафар талаба ба хона фиристодам. Ба хонадагон супориш додам, ки оиди омадани мехмонхо ба хонаам хабар диханд. Бигузор оилаам хонаро гарм намуда оши палав тайёр намояд.
Ба утоки ёрирасони математика баргаштам. Пулодов гуфтанд, ки мехмонхо корро сар карданианд. Ман ба онхо фахмонидам, ки компютерхо дар утоки ёрирасони харби махкам мебошанд. Калид нест. Имруз бевакт шудааст. Дам гиранд, пагох ба кор сар мекунанд. Пас аз каме сухбат аз туй ду табак ош оварданд. Бо мехмонхо ошро хурдем. "Духтарак" ду се чумча ош хурд ва бас кард. Таклифи ошхурии моро нозукона рад менамуд. Пас аз ошро сери хурдан боз чой нушидем. Соат тахминан 5 буд, ки директор ва омузгори харби омаданд. Пас аз вохури устохо боз хохиши дидани компютерхоро намуданд. Мо ба кабинети харби рафтем. Устохо куттихои компютерхоро кушода онхоро аз назар мегузарониданд. Дар хамин вакт мудири хочаги Умаров омаданд. Пас аз бо хама вохури намудан ба ман нигох карда гуфтанд:
- Корат нагз шудааст ку! Ана компютерхоят ба кор сар мекунанд. Директор аз ман пурсиданд:
-Мухаммадичон, мехмонхоро дар кучо чойгир мекунем. Ман оиди супориши худ гуфтам.
Мудири хочаги ба сухани мо хамрох шуда гуфтанд:
- Ман ба хонаам мебарам. хабари омадани устохоро шунида аввал ба хона рафтам ва барои тайёр намудани чой супориш додам. Ман эрод гирифтам:
- Хонаи шумо дур. Хаво хунук. Барф баланд. Хонаи ман наздиктар. Ман аз Шумо пештар ба хонаам хабар дода будам. Умаров гуфтанд:
- Ман хаминро ба хисоб гирифта бо мошин омадам.
- Дар ин барф мошини Шумо ба баланди баромада наметавонад.
- Метавонад. Ту хозир ба хонаат хабар дех, ки ташвиш накашанд. Дар хонаи ту шароити хуб нест. Ту хам хамрохи мехмонхо ба хонаи ман мерави. Гап якто. Ту дар хонаат шароити мувофик надори. Иморати нав кори бисёр дорад.
Ман рози шудам. Дар хакикат, ман шароити мехмонкабулкуни надоштам. Ба хона хабар додам, ки ман шаб мумкин аст ба хона наоям. Мехмонхо ба хонаи Умаров Бердибой мераванд. Ман хамрохи мехмонон меравам. Мехмонхо кисмхои компютерхоро аз назар гузаронида хулоса намуданд, ки хамаи кисмхои зарури мавчуд мебошанд. Васлкуниро худи хозир сар кунанд, хам мешавад. Директор гуфтанд:
- Не, корро пагох давом медихед. хозир соат 8:30 шудааст. Рафта дам мегиред. Пагох корро давом медихед.
хамин тавр мо аз мактаб баромада ба «Москвич»-и Умаров, ду усто ва ману директор савор шудем. Умаров ба сари чамбарак (рул) нишастанд. Ман хавотиромезона гуфтам:
- худо ки дар ин барф ба баланди барояд-дия. Умаров бо катъият гуфтанд:
- Агар чунин мехмонхои зебо ба машинаи ман савор шаванд, ба дилхох баланди мебарояд. Мошин дар аввал каме лагчид ва пас аз он муътадил ба рох даромад. Дар кисми болоии «Калъаи хум» каме лагчида бошад, хам баландиро паси сар намудем. Дар пеш баландии дуввум буд. Вай он кадар баланд набошад хам, барфи лагчонак ба баланди баромаданро душвор менамуд. Гуфти Умаров рост баромад. «Москвич» гуё сухани сохибашро тасдик намудани шуда, бе душвори аз баландии дуюм хам баромад. Давоми рох ба поён ва сарнишеб мерафт. Пас аз 10 дакикаи дигар ба хонаи Умаров расидем. Моро ахли оилаи Умаровхо пешваз гирифта ба хонаи тайёрнамудаашон рохбалади намуданд. хона хеле хуб ва гарм карда шуда буд. Дастурхон оро дода шуда дар он хамаи неъматхои мухайё карда шуда буд. Пас аз чанд пиёла чой директор ному насаби устохоро пурсиданд. Маълум шуд ки он духтарак духтар не, писар будааст. Директор хандида гуфтанд. ки бисёр омузгорони мо туро духтар хаёл кадаанд. Валерий гуфт:
- Ман аз хушомадгуихои онон фахмидам, лекин сир бой надодам. Ин тавр ороиши муй, пушидани "чинс" холо муд аст ва ман аз муд кафо мондани нестам. Директор гуфтанд:
- Ин муди ту нагз ба худат мезебад, вале хатарнок аст. хама аз тахти дил хандидем. Пас аз чанде ошро оварданд. Бисёр оши хуб шуда буд. Гарчанде пештар ош хурда будем, боз ба кавле «ошро задем» Пас аз ош то дергох сухбат намудем. Соатхои 12 шаб директор ба хонаи худ рафтанд. Мо дар чойхои ба мо пешниходшуда ба хоб тайёри дидем. Лекин маро хоб набурд. Оиди компютерхо - пагох чи тавр васл мешавад? Чи тавр кор мекунад? Оё ман кор фармудаву кор карда метавонам?,- фикр карда хобам намебурд. Охир ман ин намуд компютерхоро бори аввал медидам. Ду се маротиба ба берун баромадам. Окибат тахминан соатхои 3 хобам бурдааст. Бедор шудам, ки соат 6. Охиста хеста ба хонаи дигар, ки баъзе хуччатхои компютерро устохо оварда гузошта буданд, гузаштам.
Программаи якуми ман дар забони фокал
Дар вакти дар УДТ хонданам каму беш ба забони барномасозии «Ассемблер» шинос будам. Хамон солхо таъминоти программавии компютерхо ба монанди ин замон набуд. Истифодабаранда барои кори худ бояд программа менавишт. Ба программасози ахамияти калон дода мешуд. Фикр мекардам, ки мумкин бо хамин забон программа навиштан зарур бошад. Охиста хуччатхоро варак задам.
Дар хуччатхо оиди забони Фокал сухан мерафт. Ман ба он шинос набудам. Пас аз камтар бо диккат хондани хуччатхо фахмидам, ки дар забони «Фокал» оператори чопи информатсия Т ва дохилнамоии А будааст.
1.1 Т “ Ададеро нависед (дохил намоед)“
1.2 A C
1.3 T ! “Адади дохил кардаатон”; C
Ният намудам ки баробари ба кор омода шудани компютерхо ин программаро месанчам.
Охиста охист хама аз хоб хестанд, Пас аз шустушуй ва ба сари дастурхон омадани мехмонон ширчой оварданд. Мо ширчойро хурда боз ба "Москвич" савор шуда ба мактаб равон шудем. Дар дохили мошин бо хам шарт намудем, ки оиди мардбача будани Валерий ба касе намегуем. Кани бинем чи мешавад? Омузгорон интизори омадани мо буданд. хамаи омузгорони аз дарс холу ба синфхонае, ки дар он синфхонаи компютери шуданаш зарур буд, чамъ омада хизмати худро пешниход намудан гирифтанд. Бисёртар ба Валерий мурочиат намуда дар атрофи у парвона буданд. Азбаски коргарон зиёд буданд дар як муддати кутох мизу курсихои нав оварда шуданд. Дар асоси нишондодхои устохо мизхоро ба чойхои зарури гузошта ба болояшон компютерхо чойгир карда шуданд. Нокили шабакаи синфи тайёр будааст. Онро дасту бадаст ба компютерхо пайваст намуда руи он кисми нокилхо, ки аз руи фарш то компютери маркази меояд, тунукапуш карда шуданд.
Ба ибтидои хамин сахифа
Кори ин шабакаро компютери типии ДВК-2м идора мекардааст.
Компютери ДВК-2М Компютери БК-0010
Ин компютер чои кории омузгор будааст. Чои кории хонанда.
&


Компютерхои чои кории хонандагон компютери типпи БК-0010 буд. Дар соати 11 хамаи компютерхо ба чои зарури гузошта шуда барои ба кор омодасози тайёр шуданд. Устохо бо навбат компютерхои чои кории хонандагонро ба чараён пайваст кардан гирифтанд. Пас аз ба кор омода шудани компютер дар экран калимаи «Фокал БК 0010» чоп мешудааст. хамаи компютерхо дуруст ба кор омода шуданд. Навбати компютери маркази ДВК-2м омад. Вай ба кор омода нашуд. Сабаб: системаи оператсионии он аз кор баромадааст. Диски системави сифати паст доштааст. Дискдонхо хам ба гуфти устохо нагз кор намекардаанд. Устохо компютерро кушода ба таъмир машгул шуданд. Бо илоче соатхои 5-и бегахи компютери маркази низ ба кор омода карда шуд. Устохо тарзи кори шабакаи синфи, яъне гирифтан ва фиристодани файлхоро ба ман омузониданд. Пас аз он гуфтанд, ки оиди забони программасозии «Фокал» чизе гуфта наметавонанд. Чунки худашон ин забонро намедонанд. Ман программаи сахари тартиб додаамро ба онхо нишон додам. Мо хамрох программаро ба компютер дохил намудем. Он кор кард. Вакте, ки дар экрани он калимаи "Ададеро нависед (дохил намоед)" чоп шуд хама бо хайрат садо намуданд. "Ээ ин компютер точикиро медонистааст".Вакте ки ман бо ёрии клавиатура раками 5 -ро навишта тугмачаи "Ввод"-ро пахш намудам, дар экран калимаи “Адади дохил кардаатон 5" чоп шуд хурсандии омузгорон боз хам бештар шуд. хамин тавр мо 10-15 нафар омузгорон ва устохо то соати 10-и шаб ба барномасози машгул шуда дар компютери маркази, ДВК-2м бози намудем. Шаб устохо дар хонаи Умаров хобида сахари ба Душанбе баргаштанд. Танхо пас аз рафтани устохо аксарияти омузгорон оиди «зебосанам» маълумоти сахех пайдо намуданд. Ин ходиса то ба як мох ё зиёдтар мавзуи хазлу шухихои мо буд.
Ба ибтидои хамин сахифа
Видио магнитофон.
Ман аз тахти дил компютерхоро омухта ба хонандагон меомузонидам. Асосан, ман худомузи менамудам. Мачалаи «Информатика в школе» ба ман бехад ёрии хуб мерасонид. Дар асоси нишондодахои ин мачала ман телевизори «Горизонт школный» -ро дар кунчи синф дар баланди чойгир намуда ба компютер пайваст намудам. Акнун ман имконият доштам, ки хангоми баёни мавзуи нав ва ё ягон маълумоти зарури онро дар компютер сабт намуда бо ёрии телевизор намоиш дихам. Боре моххои марти соли 1987, ба мактаби мо мудири «ОБЛОНО» Турдиматов хамлет Фозилович омаданд. Ба дарси ман иштирок намуданд. Махсусан намоишномахои бо ёрии телевизор истифода намудаи ман ба он кас макул шуда будааст.

Дар вакти тахлили дарси ман он кас гуфтанд:
- Дарсатон ба максад расид. Кори хонандагон дар компютер нишон дода, ки мавзуъро азхуд намудаанд. Дарсатон ба ман макул шуд. Он намоишномахои намоишдодаатон барои азхудкунии мавзуъ бехад ёрии нагз расониданд. Онро бо ёрии видиомагнитофон намоиш додед- ми?
- Не бо ёрии компютер.
- Дар синфхона видиомагнитофон хаст-ми?
-Не
-Набошад ба назди ман ба вилоят равед, супориш медихам медиханд, гирифта меоед.
- хуб!
хамон вактхо видиомагнитофон ноёфт ва кариб, ки дар магозахо набуд. Бинобар он хар руз рафикон- омузгорон аз ман суол мекарданд, ки кай рафта видиомагнитофонро меорам. Аммо ман онро овардани набудам. Агар меовардам, серкор мешудам. Рафикон филм тамошо кунем мегуфтанд. Мачбур хамрохи онхо дар кабинет филм тамошо намудан зарур мешуд. Вакт бехуда мерафт. Тайёри ба дарсхои информатика аз ман вакти зиёдеро талаб мекард. Бар замми ин, таъмирхои хурди компютерхо. Компютерхо сифати хуб надоштанд. Дар хамон вактхо барои хар як компютери коркардаистода 5 сум медоданд.(ба 5 суми хамонвакта 40 дона нон харидан мумкин буд. Нархи як халта орди 50кг 12.5 сум буд.) Бинобар он ман барои дар холати кори нигох доштани онхо кушиш менамудам. Агар вайрон шаваду худам таъмир карда натавонам, ба таъмир мебурдам. Умуман, хамон 5 –сум барои худи компютер сарф мешуд. Вакти холиги набуд, ки ба вилоят равам. Боре вакт ёфта ба вилоят рафтам. Турдиматов набуданд. Тахминан 2- соат дар кабулгох нишастам. Котиба, ки сабаби омаданамро медонист, ба ман маслихат дод, ки ба таъминотчии воситахои техникии «ОБЛОНО» (мудири хочаги) Маъруфов мурочиат намоям. Мумкин аст, ки корам буд шавад. Ман ба утоки Маъруфов рафта оид ба супориши Турдиматов накл намудам. Маъруфов гуфтанд:
- Бехтараш, дигар вакт оед. холо хозир видиомагнитофон нест. Ман гуфтам:
- Харчи набошад, хам ман бояд мудирро бинам. Он кас супориш дода буданд, ки ба наздашон оям. Омада надида равам, айб. Маъруфов гуфтанд:
- Он кас кай меоянд, маълум не. Мумкин мачлис дурурдароз давом намояд ё ягон кори дигар барояд. Шумо аз рохи дур омадаед. Барвакттар ба рох бароед, бехтар. Ман оиди омадани шумо ба мудир хабар медихам. Ман гуфтам:
- холо вакт барвакт. Дер шавад, дар мехмонхона мехобам. Ин якравии манро дида Маъруфов гуфтанд:
- Шумо дер омадед. Ман видиомагнитофонро ба дигар мактаб додам. Дигар нест. хозир ба назди мудир надароед. Фахманд, диккат мешаванд. Ин навбат видиомагнитофон ояд, якум ба мактаби шумо медихам. Як бор дастгири намоед. Оянда дастгири аз тарафи мо мешавад. Ман хам аз Уротеппа мешавам. хардуамон хамшахр. Ман рози шуда ба деха баргаштам.
Ба ибтидои хамин сахифа
Маро ба кор ба институт таклиф менамоянд.
Азбаски компютерикунони як маъракаи мухими хамон давра буд. (холо хам ин маърака тамом нашудааст. Ки медонад тамом мешавад ё не. Ба саршавии маъракаи компютерикунонии мактабхо 2011 – 1985- 26 сол шуд. То хол мактабхо бо компютерхо ва кадрхои ихтисосманд таъмин нестанд.). Доимо оиди рафти он ба марказ хисобот додани ташкилотхои поёни зарур буд. Пас аз Турдиматов, аз хукумати вилоят ва аз институти такмили ихтисосии омузгорон намояндахо омада ба дарсхои ман иштирок намуданд. Ба ман таклиф намуданд, ки барои кор ба институти такмили ихтисоси омузгорон гузашта, барои пешбарии компютерикунонии мактабхо ва тайёр намудани кадрхои педагоги хиссаи худро гузорам. Махсусан Мухторхон Усмонов тарафдори ба иниститути такмили ихтисоси омузгорон омадани ман буданд. Агар ман ба вилоят ба кор равам, синфи компютерии ман бе омузгор мемонд. Бинобар он ман рози нашудам. Таклиф намуданд, ки хамчун хамкор дар ду чой кор кунам. Ман рози шудам. хамин тавр ман аз 18 -маи соли 1987 ба инститиут такмили ихтисос ба кор сар намудам.
Муаллими калон
Хангоми дар институт кор карданам бисёр вакт аз ман омузгорони ба курс омада, намояндахо, ва дигарон унвонамро мепурсиданд. Ман чавоб медодам, ки унвон надорам. Чанд бор муаллим Усмонов гуфтанд:
- Ба маъмурияти мактабатон гуед хуччатхои заруриро тайёр намуда ба унвони "Муаллими калон" пешниход намоянд. Пас аз унвони "Муллими калон" гирифтанатон пас аз чанд мох намояндахо аз мо ва ОБЛОНО ба мактабатон рафта ба унвони навбати пешниход менамоянд. хамон кадар хуб кабинети математикаро оро дода бо калкуляторхо чихозонида будаед. Асбобхо сохтед ва ана боз кабинети информатика, барои чи ба ягон унвон ё мукофот пешниход нашудаед. Ман гуфтам:
- Ман умуман намедонистам ва фикр хам накарда будам, ки барои ин корхо мукофот ё унвон медодаанд. Ман он корхоро корхои рузмара ва зарурии худ хисоб мекардам. Оиди ин масъала ягон бор ба маъмурият мурочиат накардаам. хуб маслихати Шуморо гирифта ба маъмурият мегуям.
- Мурочиат намудани Шумо шарт набуд. Онхо бояд худашон пешбари менамуданд.
Оиди ба унвон пешбарии худ ба маъмурият гуфтам.
- Хуб албатта пешбари менамоем- гуфта ваъда доданд. Азбаски кисми амалии дарсхои курси омузгорон дар мактаби мо мегузашт, хар мох 5- 10 руз Усмонов ва Рахимов Абдувахоб низ ба мактаби мо меомаданд. Онхо низ ба маъмурияти мактаб оиди ба унвон пешбари намудани ман маслихат доданд. Лекин аз тарафи маъмурияти мактаб ва шуъбаи маориф ягон харакате ё кушише мушохид нашуд. Аз рафтори маъмурият ва чонишини директор оид ба корхои беруназсинфи Шарифов Холик маълум буд, ки онхо аз гузаштани курсхои такмили ихтисос дар мактаби мо рози нестанд. Шарифов чандин бор ба ман гушрас намуданд, ки компютери мактаб барои мактаббачахои худамон. Омузгоронро ба мактаб оварда ба кори мактаб халал нарасонед. Ман гуфтам:
- Омузгорон дар вактхои таътил меоянд ва ё дар рузхое, ки дарси информатика нест. Онхо халал намерасонанд. Гайр аз ин, оиди дар хамин мактаб гузаронидани кисми амалии курсхои омузгорони информатика карори "ОБЛОНО" хаст, ки ман онро ба Шумо дастрас намуда будам. Агар норозигие доред, ба онхо мурочиат намоед.
Бо сабаби он ки аз тарафи маъмурияти мактаб ва шуъбаи маориф оиди ба унвон ва ё мукофот пешбари намудани ман ягон кушише нашуд, институти такмили ихтисос карор намуд, ки барои санчидани фаъолияти педагогии ман комиссияи махсус ташкил карда шавад. Ин комиссияро, ки Рахимов Абдувахоб сарвари менамуданд аз 23 марти соли 1988 то 20 апрел 1988 дар вакти гузаштани курсхо ё махсус омада ба дарсхои ман иштирок намуда фаъолияти кории манро омухтанд. хуччатхои заруриро тайёр намуда барои мукофот ё унвон ба ОБЛОНО пешниход намудан. Сентябри соли 1988 бо фармони №87-и Шуъбаи Маорифи халкии в. Ленинобод, ба ман номи "Маллими калон" дода шуд.
Ба ибтидои хамин сахифа
Ба сахифаи ибтидои.
Се мушкетдор
<