Се Мушкетдор

Се Мушкетдор

Се Мушкетдор

      
    (Дар ин жо ман оиди се фидоие, ки баьрц компютерикунонии мактабьои вилоят жон мекоьонидан
д, наыл менамоям.)

Методикаи муаллима
Олимпиада
Компютери Ямаха
Компютерьои  IBM
Ман аз институт меравам.
Бозгашт ба саьифаи асосц

          Ьамин тавр ман моьи маи соли 1987 ба институти такмили ихтисосии ом=згорни вилоят ба кор омадам. Сарварии утоыи ИНФОРМАТИКА-ро  Мухторхон Усмонов ба =ьда доштанд. Мувофиыи гуфти он кас ректори инсититути такмили ихтисоси ом=згорони вилоят Каюмов он касро даъват намуда, пешбарии ин соьаи навро ба =ьдаи он кас гузошта гуфтаанд:
- Ягон касе аз ом=згоронамон ин корро жоннок намуда пеш бурда наметавонад. Ман медонам, ки ин соьаи нав аст ва Шумо ихтисосманди ин соьа нестед. Лекин ман ба шумо боварц дорам. Шумо аз болои худ кор карда на таньо ихтисосманди ин соьа мешавед, боз кадрьои заруриро барои пешбарии ин соьа тайёр намуда метавонед.
       Ьамкори дигари мо Раьимов Абдуваььоб буданд. Он кас низ техникаро д=ст медоштаанд. Таклифи пешбарии ин соьаро бо хурсандц ыабул намудаанд. Аз ьисоби сину сол аз ьама калонтар Раьимов баъд Усмонов ва аз ьама хурд ман будам.
        Утоыи информатикаи институт ягон дона компютер надошт. Мо дарсьоро назариявц ташкил намудем. Курсьои бозом=зии омузгорони вилоят аз фанни информатика  асосан дар давраи таътильо ташкил карда мешуданд. Ыисми амалии курс дар мактаби деьаи мо мегузашт. Таълими мавз=и "Алгоритмьо" ва методикаи таълими онро Мухторхон мебурданд. Мавз=ъьои "Забони барномабандц" -ро ман мебурдам. Методика дар ихтиёри Раьимов буд. Ыисми амалц ду гур=ь мешуд, ки дар яке, ман ва дар дигаре Усмонов ё Раьимов кор мебурданд.   Ыисми амалии дарсьо дар деьаи мо бо комплекти КУВТ 86 мегузашт. Дар соли хониши нави 1987-88  кабинети технологияи информатсионии  инсититутро ба хонаи пионерони вилоят к=чонидем. Дар он жой се хонаро барои пешбарии кори мо жудо намуда буданд. Яке жои дамгирц- "Хонаи ом=згорон", дигаре синфхонаи компютерц барои корьои амалц. Дар ин синфхона сето компютерьои ДВК-2м  гузошта шуда буд. Хонаи сеюм барои дарсьои назариявц истифода мешуд. Ба курсьо асосан ом=згорони математика ва физика жалб карда мешуданд. (Ом=згори з.русц_Ом=згори информатика) Баъзеи оньо бо хоьиши худ ба ин соьа мегузаштанд ва ба курсьо иштирок менамуданд. Баъзеи дигарьо ба супориши маъмурияти мактабьо ва ё ш=ъбаи маорифи районьо ба курс сафарбар мешуданд. Бисёрии оньо ьатто бо калкуляторьо кор карда наметавонистанд. Мо бояд ьама чизро аз сифр сар мекардем. Ягон ом=згори ба курс иштироккардаистода оиди алгоритм ва программа маълумоте надошт. Агар ин мафьумьоро шунида бошанд, ьам ба он аьамият надода буданд. Лекин ьамаи оньо барои ом=зиши забони алгоритмиву программасозц аз таьти дил мек=шиданд. Ом=згороне, ьам буданд, ки ба синни нафаыаашон 1-2-3 сол монда буд. Ин ом=згоронро мактаб ё ш=ъбаи маориф таньо бо маысади пур намудани наышаи тайёр намудани ом=згорони информатика фиристода буданд. Ман ба оньо дилс=зона муомила намуда мегуфтам:
- Ин соьаи нав аст. Ом=хтани он ба сину соли Шумо душвори намекунад? Оньо мегуфтанд.
- Душвори карда истодааст. Умуман аз курс гузаштани мо ин сарфи беьудаи маблащ аст. Маъмурияти мактаб: - Ба курс меравед, -гуфта супориш доданд. Ноилож омадам.
             Пас аз 10- 12 соати дарсц, бисёр ом=згорон мепурсиданд:
- Ьамин ом=хтани забони алгоритмц чц зарурият дорад? Якбора забони программасозиро ом=зем ва ом=зонем намешавад-мц? Соатьои барои ом=зиши забони алгоритмц  додашударо барои ом=зиши  забони программасозц истифода барем, хубтар мешавад.
Ман ба оньо мефаьмонидам:
- Ба наыша гирифтани программа бо ёрии забони алгоритмц имконият медиьад, ки программа бо зуддц сохта шавад. Чунки забони алгоритмц ба забони худамон наздик аст. Бо забони худамон навиштани ижроиши ягон кор ё  ьалли ягон масъала осонтар аст. Пас аз навиштани алгоритм, таржумаи он бо забони программасозц осон мешавад.
Лекин онон боз ба фикри худ истодагарц менамуданд. Алгоритмро фаьмидан намехостанд. То ьол чунин ом=згорон ьастанд.
        Ьамин тавр, мо бо душвори мавз=ъьоро ба ом=згорон меом=зонидем. Бештари ом=згорон дар ьолати руьие, буданд, ки ом=хтани забони алгоритмц, забони программасозц душвор аст, гумон аст, ки мо  истифодаи компютерьоро ом=зем, -мегуфтанд.  Бисёр ваыт аз ин ьолати руьц  баровардаи ом=згорон пас аз 2-3 ьафтаи ом=зиш ба мо даст медод.  Чунин ом=згорон дар охири курс таърихи барпошавии курси навбатиро пурсида аксаран дар курси навбати иштирок менамудан. Ин навбат оньо ыатъц амал намуда супоришьоро мустаыилона ижро менамуданд.  Ман ба оньо мефаьмонидам, ки хонандагони Шумо низ дар ьамин ьолати руьи мешаванд. Вазифаи якуминдаражаи Шумо бо интихоби мисолу масъалаю кори амалии ба хонанда мувофиы аз ин ьолати руьи баровардани хонадагон аст. Муллимаи яке аз мактабьои шаьрчаи "Чкаловск", Савинова доимо шикоят менамуд, ки алгоритмро фаьмида наметавонад. + ба ьамаи курсьое, ки дар вактьои таътил мешуд, иштирок менамуд. Умуман, муносибати мо ба ом=згорони курс чунон самимц буд, ки оньо бе ягон дудилагц он чи ки намедонистанд ё фаьмида наметавонистанд ба мо мегуфтанд ва ёрц мепурсиданд. Моён низ гаштаю баргашта мавз=ьоро такрор менамудем, то  ыонеъ шудани оньо. Бинобар ин ом=згорони як маротиба ба курс омада боз омадани мешуданд ё агар таътил бошад, омада оиди проблемаьои пайдошуда ва роьи ьалли он маслиьатьо мепурсиданд.  Гоь-гоь барои санжиш рафти таълими информатика ба мактабьо мерафтем. Ба ом=згорон баьри бартарф намудани норасогиьо дар таълим маслиьатьои заруриро медодем. (Ьозир дар замони мо, ьама баьрц ёри расонидану бартараф намудани камбудиьои таълиму тарбия  не баръакс баьри хатогц ёфтану ....  гуфтан меоянд. Инспектору методисту  ом=згори институти такмили ихтисосро аз ьам фары кардан намешавад.  Гуё ьама   инспекторанд. Ьамаи ташкилотьои давлатц аз бекорц санжиши кори мактабу муллимро ба наыша доранд, на расонидани ёрц баьрц беьтаршавц. Оньо камбуди меж=янд, камбуди меёбанд, камбудиро ангуштшумор менамоянд, аммо роьи бартарафкунии онро намедонанду ьамаи проблемаьоро ба сари ом=згор бор мекунанд. Ьама як суханро ыапида гирифтаанд. "Маоши ом=згор зиёд шудааст". Лекин ягонтои оньо аз р=зномаьои даврц сар карда наметавонанд, ки нисбати инфилятсия ва нархи бозор маоиши ом=згорро ьисоб намоянд. Нишон дода тавонанд, ки пештар ом=згор чц ыадар маьсулот гирифта метавонисту бо маоши зиёдшудаю  нархи нав чц ыадар? Х=рокворц чанд пул асту ба як ставкаи кориаш ом=згор  чанд р=зи х=рок хурда метавонад. (либосро худо мерасонад)

Бозгашт ба аввали саьифа     

Методикаи муаллима

    Боре ба Савинова гуфтам, ки ьафтаи оянда ба мактабашон рафта ба дарсьояш иштирок менамоем. + гуфт:
- Беьуда овора нашавед. Ман ьозир тарзи дарсгузариамро мег=ям. Баъд маслиьат медиьед. Ман умуман дарс намегузарам г=ям, ьам мешавад. Ьангоми баёни мавз=ъ ман ба чунин ьолати руьи меоям, ки гуё ягон суханамро хонандагон намефаьмида бошанд. Бинобар он ман адабиётьои зиёдеро дар кабинети худ жамъ намудаам. Ьар як намуди адабиёт ба миыдори ьонандагони синф ва ё аз он зиёдтар мебошад. Ман мавз=ъро ба тахтаи синф менависам. Дар зери он наышаи баёни мавз=ъро ба намуди саволнома навишта адабиётьои заруриро пешниьод менамоям. Ба хонандагон супориш медиьам, ки мавз=ъ ва савольоро навишта гиранд. То дарси оянда аз адабиётьои пешниьодшуда истифода намуда мавз=ъро азхуд намоянд. Пас аз ин хонандагон ба компютер кор карда барои ьалли масъалаи пешниьодшуда программа менависанд. Ман кори программаи оньоро дида баьо мегузорам. Дар дарси оянда 8-10 даыиыа аз р=и наышаи дарсьои пештара саволу жавоб менамоям. Ьар як дарс ба ьамин тарз мегузарад. Дар баъзе дарсьо, оиди баъзе ыисмьои мавз=ъ хонандагон савол медиьанд. Боз хонандагони дигаре, ки хубтар медонанд, ба саволи пайдошуда жавоб дода рафиыашонро ыаноатманд менамоянд. Дар дарсьои амалц ман умуман чизе намег=ям. Худи хонандагон доир ба мавз=ъьои пештар ом=хташуда аз адабиётьои дастрас  машы интихоб намуда онро ьал мекунанд. Бисёр ваыт дар утоыи ёрирасон, дафтарьои давриро аз назар гузарониада, чой н=шида менишинам. Ана тамом. 
      Ман бо чунин тарз ташкил намудани дарсро бори аввал мешунидам. Муаллима, ш=хи мекунад-мц? -гуфта ба чашмонаш нигаристам.  Чашмонаш анд=ьгин ва аз чизе норозц буданд. Намедонистам чц гуям. + боз гуфт. 
- Наметавонам. Ба дигар тарз натавонистам. Ман худ программистам на ом=згор. Бо илимоси директори мактаб, ки каме ошнои доштам, ба мактаб омадам. Дар фикри онам, ки кори ом=згориро бас карда ба кори пештараам баргардам. Ман гуфтам.
- Проблемаи ьозираи мо  чц тавр дарс гузаштани шумо нест. Хонандагон ба ыадре азхуд карда истода бошанд, кифоя. Щайр аз ин ин методи Шумо мумкин аст нисбати дигар методьо хубтар бошад. Мо онро меом=зем. Худро диыыат накунед. Чц гуна  ёрии зарур бошад мерасонем. 
- Муллим, Шумо ьангоми ба мо дарс гузаштанатон ьар як суханатон боваринок садо медиьад. Пайдарпай ва фаьмост. Лекин ваыте ки ман дарс мегузарам ,ба худ нобоварц пайдо мекунам. Гуё ки чизи асосиро нею чизьои дуюминдаражаро гуфта истода бошам. Ё ки хонандагон суханьои  маро нафаьмида истода бошанд. Ман гуфтам:
- Вазъияти шуморо фаьмидам. Соли оянда ба мактаби Шумо меравем. Нащз тайёрц бинед. Аз ьамин суханьоятон маълум аст, ки Шумо хело кушиш карда истодаед. Ин ьолати Шумо табиист. Ьар як ом=згор дар аввальои кори худ ба чунин ьолат дучор мешавад. Диыыат нашавед.
   Ьар яки мо бо роьи худ ом=згоронро тасалло медодем. К=шиш менамудем, ки оньо ба худ нобоварц ьосил нанамоянд. Чун ки ба ыавле "Ьар як ом=згор бо шумор буд" ва мо ом=згоронро аз даст доданц набудем.
             Усмонов Мухторхон бо ыавли худашон бо ёрии "контрапример" -ьои худ мавз=ъьоро мефаьмониданд. Он кас мисолу масъала ё наылро ки барои ьалли проблемаи ьосилшуда меоварданд  "контрапример" меномиданд.
      Раьимов Абдуваьоб бошанд ба таври идивидуали бо ом=згорон суьбат менамуданд. Ба алоьидагц мавз=и нафаьмидаи ом=згорро фаьмонида чунон суханьоеро мегуфтанд, ом=згор бовар мекард, ки вай дар ьаыиыат ом=хта  метавонад ва гуё =ро таньо барои таълими ьамин фан офарида бошанд. Ин суханьои ман ба хонандагон жавон мумкин ажоиб бошад. Дар сольои аввали компютерикунонц дар мактабьо компютерьо набуданд. Дар назар вай як чизи мураккаб менамуд. Ьоло дар ин замон вай як чизи оддц шудааст. К=дак ьам натарсида ба вай даст мезанад.

Бозгашт ба аввали саьифа 

Олимпиада

      Оьиста-оьиста дар вилоят синфьои компютери зиёд мешуданд. Озмуньои информатика низ жоннок шуд. Миыдори мактабьое, ки ба озмун иштирок менамуданд хело зиёд гашт. Хонандагони Савинова доимо дар озмуньо жойьои намоёнро ишщол мекардагц шуданд. Методикаи дарси муаллима натижаи хуб доданашро нишон дод. Масалан, дар озмуни республикавии соли хониши 1987-88,  вилоят чунин натижаро соьиб шуда буд.

Иштирокчиёни озмуни республиавц аз фанни Информатика

Ному насаби хонанда

синф раками мактаб Нохия

Ному насаби омузгор

чои ишголкарда
ва мукофот

1 Абдурахмонова 9 16 Уротеппа Бутаев О ------------не
2 Комилов М 9 16 Уротеппа Тошев М 4(грамота)
3 Раупов  9 16 Уротеппа Тошев М 3(грамота)
4 Куприк 9 6 Чкаловск Савинова Е.А 5(грамота)
5 Литвиненко 9 6 Чкаловск Савинова Е.А 5(грамота)
6 Рибалкин 9 6 Чкаловск Савинова Е.А 5(грамота)
7 Аминова  9 31 Хужанд Негматов И ------------не
8 Якубова 10 17 Ленинобод Манонов  А ------------не
9 Рахимов  10 18 Ленинобод Собиров И. 6(грамота)
10 Алиев 10 18 Ленинобод Собиров И. м.Бринчи
11 Рахматбоев 10 18 Ленинобод Собиров И. грамота
12 Бобомаликов 10 1 Ленинобод  Усмонов М грамота 
13 Аргаков  10 1 Ленинобод  Усмонов М грамота 
14 Исмоилов 10 1 Ленинобод  Усмонов М грамота 
15 Ашурова 10 5 Ленинобод Рахимов В -----------не
16 Бобоева 10 5 Ленинобод Рахимов В -----------не
17 Туракулова  10 16 Уротеппа Тошев М м.нукра
18 Рахматов Г 10 16 Уротеппа Тошев М -----------не
19 Комилов А 10 16 Уротеппа Тошев М м.бринчи
20 Тошев М 10 16 Уротеппа Тошев М -----------не
21 Малишев В  10 6 Чкаловск Савинова Е А грамота
22 Зокиров Н 10 31 Хучанд Негматов И -----------не
23 Окилов А 10 31 Хучанд Негматов И -----------не
24 Усмонова  Р 10 16 Уротеппа Бутаев О ------------не

 Лекин  методикаи Савинова-ро  дар мактабьои тожикц жорц намудан имконият надошт. Сабаб: набудани адабиётьои гуногуни зарури бо забони тожикц буд. Адабиётьои хуб: дарсц , берун аз дарсц, илмц, илми оммавц барои беьбудии таълим роли муьим доштанаро мо ьис менамудем. Лекин афсус, ки бо забони тожикц чунин адабиётьо набуданд. Ьатто дар Тожикистон ягон мажаллае барои пешбарии компютерикунони ташкил карда нашуд. Ьоло ьам нест. Таньо бо китоби дарсию наыли ом=згор дониши хонандаро баланд бардоштан душвор аст.

Бозгашт ба аввали саьифа 


Компютери Ямаха


      Ьамин тавр сольо паси сар мешуданд. Соли таьсили 1989-1990 мо ба бинои асосии институти такмили ихтисос, ки дар назди Ыалъа буд, к=чидем. Бо к=шиши зиёди Усмонов ба инсититут як даста (1 комплект) компютерьои истеьсоли япония бо номи "Ямаха" оварда шуд. Комплет аз 10 компютер иборат буда ва имконияти ташкили шабакаи синфиро дошт. Шабака аз ду ыисм иборат буд. Шабакаи системаи "МXM Basic"  барои кор бо программаьои забони бейсик ва шабакаи СО (системаи оператсиониц барои кор бо программаьои амалц ва системавц). Акнун кор як ыадар беьтар шуд. Чунки пас аз ьар як дарси назарявц, дарси амалии ба дарси назариявц мувофиыро гузаштан мумкин буд.
          

Бозгашт ба аввали саьифа 

Компютерьои  IBM


                 Соли таьсили 1990-1991  бо к=шиши Усмонов барои аз Москав ба вилоят  овардани 10 -даста (комплект) компютерьои типи IBM, ки  ьар як даста аз 10 компютер иборат буд ьужжат тайёр карда шуд.   Пас аз шиносоц бо компютерц "Ямаха", Усмонов компютерьои БК-0010 ва ДВК-2М ва Агат-ро писанд накарда оньоро "Бозича". ё "Суьони умр" меномиданд ба ману Раьимов мурожиат карда гуфтанд.
- Ин 10 даста компютерьо аз р=и ьужжатьояшон аз "Ямаха" -ьам беьтар мебошанд. Ин компютерьоро ба кц диьем? Агар ба мактабьои компютер надоштагц диьем ба фикрам нагз не. Чунки якум ом=згоронаш тажрибаи кофии истифодаи компютерьоро надорад ва аз имкониятьои он пурра истифода бурда наметавонанд, дуюм: ом=згорони пештар компютер гирифта афс=с мех=ранд, ки каме интизор мешуданд, беьтар будааст. Ман таклиф менамоям, ки аз байни ом=згорон 10 нафар ом=згорони беьтарини вилоятро жудо намоем. Маблащи ин компютерьо аз ьисоби вилоят пардохт мешавад. Бинобар он ба  ом=згорон ва мактаби оньо ин компютерьоро ьамчун т=ьфа пешниьод намоем. Агар дар мактаби онон компютер бошад онро ба дигар мактаб медиьем ё диьанд. 
        Мо ба фикри он кас розц шудем. Се нафар нишаста аз байни ом=згорон 10 нафар ом=згорони пешыалами вилоятро жудо намудем. Дар байни оньо ман низ будам. Усмонов ва Раьимов дар мактаби миёна дарс надоштанд. Бинобар он номи оньо ба р=ихат дохил нашуданд.
         Моьи маи соли 1991 ьужжатьои зарурии компютерьо пурра тайёр шуда вилоят маблаги заруриро ба коопиративе, ки ин компютерьоро медод гузаронид. (Давраи авжи кооперативсозц буд. Ьама р=з ба р=з  аз номи боигарию пул мадьуштар мешуданд, бо иложе кооператив ё корхона мекушоданд мол истеьсол намекарданду молеро гирифта болонарх монда мефур=хтанд. Дар натижа пас аз чанд соле пульо бо ыавле "Деревянный" шуданд.)
   20 -май компютерьо оварда шуданд. Ба ом=згорони пешбари шуда ьужжатьои зарурц (ба ман низ) дода шуд. Ом=згорон бояд аз ш=ъбаи маорифи райони худ боваринома оварда компютерьоро мегирифтанд. 
                Чи тавре, ки дар наыли пештар гуфта будам, бо сабаби набудани видиомагнитофон ман бо Маъруфов Володя бо ьам хело ыадрдон шуда будем. Ин буд, ки ман ба район барои 2 комплект КУВТ 86 бо забони "бейсик", 3 комплек ДВК ьужжат оварда будам. Ман ьужжатьоро ба даст директорамон дода илтимос менамудам, ки ба муьосиботи маориф рафта пулро гузаронад, то ки дар мактаб синфхонаи дуюмро ташкил намоям. Ьар дафъа Жабборов мегуфтанд, ки ьужжатьоро мудири маориф Бобожонов гирфтанд. Пул гузарад медиьанд, рафта мебиёред. Баъд маълум мешуд, ки онро ба дигар мактаб додаанд. Лекин ман ба ин диыыат намешудам. Чунки чанд -тое, ки хоьам ьамон ыадар ингуна ьужжат оварданам мумкин буд. Барои он компютерьо пул гузаронидан даркор буд. Ба ьужжате, ки дар даст доштам, пул лозим набуд. Таньо боваринома зарур буд. Бинобар он ман рост ба муьосиботи шуъбаи маориф рафтам. Ьужжатьоро пешниьод намуда боваринома доданашонро илтимос намудам. Ба ман гуфтанд, ки бе ижозати Бобожонов боваринома дода наметавонанд. Аввал ба назди Бобожонов дароям. Ман ба назди он кас даромада ьужжатро нишон дода маысадамро баён намудам. Он кас пурсиданд:
- Шумо ом=згори кадом мактаб
- Мактаби раыами 16
- Директоратон Абдужаббор -а?
- Не Жабборов Абдуманон 
- Мактабатон компютер дорад. Компютерро ба дигар мактаб медиьем,
- Муллимжон, ман барои чандин дастаи  компютерьо ьужжат оварда ба директорамон додам. Ьамаи оньоро ба дигар мактабьо додед. Ин дастаи компютерьо  бепул, ьамчун туьфа ба ман ва мактаби ман. Илтимос барои гирифтани боваринома ижозат диьед.
- Ту худат ки ьасти кц чунин ьужжатьоро меорц. Оньоро Абдужаббор дастрас карда буд. Баъд барои кадом хизматат ба ту т=ьфа медиьанд. Боваринома нест.
- Майлаш. Ьужжатьоро гардонида диьед.
- Ьужжат пужжат нест. Ман ин компютерьоро ба дигар мактаб медиьам.
- Муаллим. Ин компютерьо ба ман туьфа аст, ба дигар кас намедиьанд. Дигар кас аз вилоят гирифта наметавонад.
- Медиьанд. Рав -рав аз паси корат шав.
            Ман ба мактаб баргашта воыеъаро ба директорамон Жабборов наыл намудам. Илтимос намудам, ки хизматьои маро ба Бобожонов фаьмонанд, то ки боваринома  диьанд. Жабборов гуфтанд.
- Мефаьмонам, лекин гумон аст, ки ба ман г=ш карда илтимоси маро ба инобат гиранд. Агар аз вилоят ё республика ягон чиз лозим бошад бо зудди ьал карданам мумкин. Дар ин жо не.
               Он р=з, р=зи Панжшанбе буд, ки то ьол аз ёдам намеравад. Ба вилоят ба амборе, ки аз он бояд компютерьоро мегирифтам рафтам. Аз мудири амбор маслиьат пурсидам. Илтимос намудам, ки бе боваринома компютерьоро ба ман диьанд. Бовариномаро ман баъд меорам. Ваыте, ки ман компютерьоро ба мактабамон бурдам оньо мажбур мешаванд, ки боваринома диьанд. Он кас гуфтанд, ки илож надоранд, бе боваринома дода наметавонанд.
     Кайфиятам парид. Ба деьа баргаштам. Боз аз Жабборов илтимос намудам, ки иложашро ёбанд.
Шаб хобам набурд. Гаштаю баргаша ба худ нафратам меомад. Мегуфтам: Ахмаыи нодон. Ба монади дигарон математикаатро дарс дода гаштан гир. Агар ахмаы набошц асбоб месозц. Бин баъзеьо аыалан дар як порча кощаз ду калима навишта ба бачаьо нишон намедиьанд. Р=зашон аз ту нащзтар гузашта истодааст. Ту шабу р=з ьам дар мактаб ва ьам дар иниститут  кор карда чц кардц?. Аыалан мудири маорифи худат туро шинохтан нахост ва  ба ту муносибати дуруст накард. Ё гуфти Норматов дуруст бошад, ки чанд бор гуфтанд:
- Тошев! Аввал щами хожагц ва боигарии худро х=ред. Пас аз он ба ин корьо дар ваыти холигиатон аз бекорц  машщул шавед. Касе минатдор намешавад. Агар дар шароити вазнин монед касе як пул намедиьад. Мани нодон он касро нодуруст фаьмидам. Бо ьамин гуна фикру хаёльо шабро р=з кардам.
          Ьар р=з аз Жабборов мепурсидам, ки корро чц карданд. Рузи Сешанбеи ьафтаи нав, пеш аз дарс боз аз Жабборов пурсидам, ки чц шуд. Муаллимро розц кардед, боваринома дастрас шуд.
- Не розц карда натавонистам. Ьарчанд к=шиш кардам, нашуд. Ман гуфам:
-Ьайфи 4 даста компютерьои овардаам, Ьайфи меьнатьои барбодрафтаам.
      Пагоь р=зи чоршанбе  дар институт дарс доштам. Бинобар он барваыт хеста шустушуй намудам. Сарам щуввос мекард. Гуё шахсе талыин менамуд, ки наравам. Худамро мажбур намуда: - Барои дарс не, рафиыонро дидани меравам, -гуён ба роь баромадам. Расо соати 7.10 ба ошхонаи паьрезии дар назди Калъа буда даромада х=рок х=рдам. Соати 7.50 ба кабинет расида, даро кушода дидам. Усмонов нишаста буданд. То бо ьам пурсупос намудани мо, Раьимов низ омаданд.  Пас аз ьолпурсиьо нишастем. Усмонов ба ман нигариста гуфанд:
- Чи гап? Тинжи аст? Рангу р=ятон парида хоболуд менамоед. Ман воыеаи "боваринома" ва ин шаб нахобиданамро наыл намудам. 
- Барои чц шумоён Уротеппагиьо ьамдигарро писанд намекунетон. Ьар яки шумоён аз дигарон худро баландтар мегиред. Барои чц то имр=з шахси намоёни пешбарандаи соьаи информатикаро намешинохтаанд. Дар ин жо ягон гап ьаст. Хайр, ягон иложашро меёбем. Агар ёрц зарур бошад 1 -жуфт дарсатонро ман гузарам, каме дам гиред. Ман рад намудам.Ман имр=з бояд 3 жуфт дарс мегузаштам. Дарсьоро ман ба наве гузаштам. Жуфти 4-ум дарси Раьимов буд. Ман ва Усмонов ба х=роки нисфир=зи рафтем. Х=рок ьам аз гул=ям дуруст нагузашт. Ба жои кориамон баргаштем. Дар утоы ман аз Усмонов пурсидам.
- Чи кор мекунем: Ба ман чц ёри расонида метавонед? Агар як бор телефон карда "Бовариномаро ба Тошев диьед" гуед оньо онро навишта ба хонаам бурда медиьанд. Медонед- ку оньо ба супоришьои аз ташкилоти болотар чигуна итоат мекунанд. Ба ин шумо чц мегуед?
- Ман пас аз воыеаро наыл намуданатон бисёр фикр намудам. Шумо дар дарс будед. Ба инспетори облоно Исмоилов маслиьат намудем. Агар ьозир мо телефон кунем, ё мактуб фиристем, оньо аз болои мо шикоят менамоянд. Ба идораьои болои бо ьар мазмун аризаи шикояти навиштанашон мумкин аст. Чунки ба наышагири ва жустуж=и имкониятьои компютерикунонц ба зимаи ноьияьо гузошта шудааст. Ба хулоса омадем, ки худатон боз к=шиш намоед. Масъалаи ноьияи худатонро худатон ьал намоед хубтар аст. 
- Ман барои он ба Шумо мурожиат намудам, ки дар давоми ьафта ьал карда натавонистам. Мумкин аст, ки Шумо роьи ьалли  ин масъаларо ёбед. Агар Шумоён ьам ин масъаларо ьал карда натавонед намедонам, чи кор кунам. Хабаратон ьаст. Роьхати курси бозомузии Маскавро ки бояд ман мерафтам низ ба ман надоданд. Дар натижа ба курс шахси ношоистае рафт. Аз рафтани он ба кабинети информатика низ фоидае нашуд. Шумоён дахолат накардед! 
- Агар ин дафъа бовариномаро ба Шумо надиьанд, компютер ба Уротеппа намеравад. Рафта инро ба оньо фаьмонед.

Бозгашт ба аввали саьифа 

Ман аз институт меравам.


    Ман ба Уротеппа баргаштам. Ба назди мудир даромада илтимос намудам, бовариномаи гирифтани компютерьоро диьанд. Суханьои аввала боз такрор шуданд. Ман гуфтам:
- Компютерьои синфхонаи манро ба дигар мактаб диьед. Ба ман боваринома диьед, то ки ман ин компютерьоро биёрам. Ин туьфа аст. Туьфаро ба дигар кас намедиьанд.
- Кц мег=яд, ки намедиьанд?  Ьужжат дар дасти мост. Мегирем. Мактаби шумо компютер дорад. Намедиьем. Шумо аз дигарон чц фары доред, ки ба шумо туьфа медиьанду ба дигарон не. Чавоб!
Ьафтаи дигар ба институт ба дарс рафтам.  Лекин дарс гузаштанц набудам. Пеш аз дарс ба Усмонов гуфтам:
- Масъаларо ман ьал карда натавонистам. Агар Шумоён дар вилоят будаьо низ ьал када натавонед, ман дигар ба дарсьо намеоям. Бе ман корро бурдан гиред. Ба ман на компютер даркор аст, на дарси компютерц. Гуё ман барои худ мекарда бошам.
Усмонов гуфтанд.
 -Дар давоми ьафта низ ман ьалли ин масъаларо ёфта натавонистам. Ягон кор карда наметавонам. Ман каме хом=ш нишастам ва баъд аз жой хеста гуфтам:
- Хайр хуш монетон. Ба Усмонов ва Раьимов хайру хуш намудам. Ьарчанд оньо к=шиши маро нигоь доштан карданд, г=ш накарда  ба деьа баргаштам ва аз моьи маи сол 1991 дигар ыадами худро ба институт нагузоштам ва то соли 1999.  
        Бо сабаби воыеаьои  "Баьманмоь" ва вазнин гардидани шароити зиндагц (махсусан шароити зиндагии ом=згорон (махсусан ба ман монанд), ки аввал чандин моь маош нагирифтанд ва баъд бо маоши ночизе монданд, ьамонро ьам дар ваыташ намегирифтанд, хело вазнин гашт. Ом=згор ба касе даркор набуд.) ман ба роьи дуртар рафта наметавонистам дустонро низ хабар гирифта натавонистам. Барои р=згузаронии хожагиам ба з=р маблаще меёфтам. Ба сафарц аз кужо?

Бозгашт ба аввали саьифа 
Бозгашт ба саьифаи асосц

Компютери УКНЦ