"Зебосанам"
Программаи
якуми ман дар забони "Фокал"
Видио –
магнитофон.
Маро
ба институт ба кор таклиф менамоянд.
Муаллими
калон
"Зебосанам ва компютеҳои КУВТ 86 Фокал"
11 январи соли 1987,
басти дуввуми дарс мерафт. Тахминан соат 3 –буд. Ман дар утоқи ёрирасони
математика дафтари корҳои санҷиширо аз назар мегузаронидам. Ба ман
хабар доданд, ки ду нафар меҳмон - яке мардбачаи тоҷик ва дигаре духтараки
зебои рус омадаанд. Онҳо худро ҳамчун таъмир ва танзимгарони
компютерҳо шинос намудаанд. Ман ба
пешвози онҳо баромадам. Дар ҳақиқат, ду нафар шахсони
бегона буданд. Духтараки гуфтаашон шиму костюми "ҷинс" пӯшида
буд. Палтои кабудчараги дароз дар тан дошт. Ӯ хело зебо буд. Ба монанди он гулсанамоне, ки дар
китобҳои «ҳазору як шаб» -у, «Симбоднома»-ву, "Се дарвеш"
ва дигар асарҳои классиконамон васф менамуданд, ҳамон тавр.
Фақат фарқ дар он буд, ки муйҳояш тиллоранг ва дарозиаш аз кифташ поёнтар буданд. Ҳангоми
роҳгардиаш лапиш хурда гуё нурафшонӣ менамуданд. Чашмонаш ба
монанди осмони соф беғубор каб-кабуд ва дилчасп буданд. Махсусан
лабонаш суп- сурх ва ҷилои дилкаше дошт. Шахсро мафтун менамуд. Дар шахс хоҳиши
бӯсидани ин лабҳоро бедор менамуд. ( чи тавре ки дар
ададбиётҳои номбаршуда овардаанд: лаби нӯшаш, лаби нӯшаш,
лаби нӯш). Пас аз вохӯри ва пурсупос ман онҳоро ба утоки
ёрирасони математика овардам. Чой мондам. Меҳмонҳо бо забони
русӣ ба сӯҳбати худ овора буданд. Суханронии «духтарак» ва
одобу рафтораш ба худаш хело мезебид. Овозаш на тобиши мардона ва на
тобиши занона дошт. Гуё махсус буд. Дар як лаҳзаи овозаи
омадани духтараки зебо ки устои компютерҳо будааст, дар мактаб пахн шуд.
Омӯзгорон бо ҳар баҳона ба утоқи ёрирасони математика
меомаданд. Бо меҳмонон салому алек намуда «хуш омадед» мегуфтанд.
Баромада ба дигарон ин духтари зеборо аз будаш зиёдтар ситоиш менамуданд.
Рафиқам Ахмадов Раҳматбой низ омада устоҳоро дид. Маро
оҳиста ба берун даъват намуд ва гуфт:
- Ситоиши омӯзгорон дуруст будааст. Хусни ин духтарак аз ситоиш зиёдтар
аст. Ӯ чи ном доштааст?. Маро шинос намо. Ман гуфтам:
- Номашро напурсидаам. Барои чӣ худат напурсидӣ? Пурсам, баъд мегӯям. Меҳмонҳо
дам гиранд. Баъд худашон номашонро мегуфтагистанд, нагӯянд баъд мепурсем.
Ҳоло вақти ин суханҳо не, баътар. Ахмадов дарс доштааст. Ба
дарс рафт. Ман ба утоқ даромада чойро дам намудам. Аз муаллим
Пулодов Мухаммадӣ (омӯзгори математика) илтимос намудам ки ба
меҳмонон нигоҳ кунанд. Як нафар хонандаро ба хонаи ҷонишини
директор оид ба корҳои берун аз синфи Шарифов Холиқ фиристодам. Он
кас туй доштанд. Омӯзгорони аз дарс фориғ ва инчунин директор дар
туй буданд. Ба хонанда супориш додам, ки оиди омадани меҳмонҳо
ба директор ва омӯзгори фанни ҳарбӣ Раҳматов
Хӯҷа хабар диҳад.
Худам дар ғами дар куҷо
ҷойгир намудани меҳмонҳо будам. Ман моҳи сентябр хонаи
нав сохта ба он кӯчида будам. Дар хона сӯзишвории аниқе
ҳам набуд, ки бухориро тасфонем. Ман ду сатилро дарёфт намуда аз
мактаб ангиштсанг гирифта бо ду нафар талаба ба хона фиристодам. Ба
хонадагон супориш додам, ки оиди омадани меҳмонҳо ба хонаам хабар
диҳанд. Бигузор оилаам хонаро гарм намуда оши палав тайёр намояд.
Ба
утоқи ёрирасони математика баргаштам. Пулодов гуфтанд, ки
меҳмонҳо корро сар карданианд. Ман ба онҳо фаҳмонидам,
ки компютеҳо дар утоқи ёрирасони ҳарби маҳкам мебошанд.
Калид нест. Имрӯз бевақт шудааст. Дам гиранд, пагоҳ ба кор
сар мекунанд. Пас аз каме суҳбат аз туйхона ду табақ оши
палов оварданд. Бо меҳмонҳо ошро хӯрдем. "Духтарак"
ду се чумча ош хурд ва бас кард. Таклифи ошхурии моро нозукона рад
менамуд. Пас аз ошро сери хӯрдан чой нӯшида нишастем. Соат тахминан 5 буд, ки директор ва омӯзгори
фанни ҳарби омаданд. Пас аз вохӯри устоҳо боз
хоҳиши дидани компютерҳоро намуданд. Мо ба кабинети харбӣ
рафтем. Устоҳо куттиҳои компютерҳоро кушода онҳоро аз
назар мегузарониданд. Дар ҳамин вақт мудири хоҷагӣ Умаров
Бердибой омаданд. Пас аз бо ҳама вохӯри намудан ба ман нигоҳ
карда гуфтанд:
- Корат нағз шудааст ку! Ана компютерҳоят ба кор сар мекунанд.
Директор аз ман пурсиданд:
-Муҳаммадиҷон, меҳмонҳоро дар куҷо ҷойгир
мекунем. Ман оиди супориши худ гуфтам.
Мудири хоҷаги ба сухани мо ҳамроҳ шуда гуфтанд:
- Ман ба хонаам мебарам. Хабари омадани устоҳоро шунида аввал ба хона рафтам
ва барои тайёр намудани ҷой супориш додам. Ман эрод гирифтам:
- Хонаи шумо дур. Хаво хунук. Барф баланд. Хонаи ман наздиктар. Ман
аз Шумо пештар ба хонаам хабар дода будам. Умаров гуфтанд:
- Ман ҳаминро ба ҳисоб гирифта бо мошин омадам.
- Дар ин барф мошини Шумо ба баланди баромада наметавонад.
- Метавонад. Ту ҳозир ба хонаат хабар деҳ, ки ташвиш накашанд. Дар
хонаи ту шароити хуб нест. Ту ҳам ҳамроҳи меьмонҳо ба
хонаи ман меравӣ. Гап якто. Ту дар хонаат шароити мувофиқ
надорӣ. Иморати нав кори бисёр дорад.
Ман розӣ шудам. Дар
ҳақиқат, ман шароити меҳмонқабулкунӣ
надоштам. Ба хона хабар додам, ки ман шаб мумкин аст ба хона наоям.
Меҳмонҳо ба хонаи Умаров Бердибой мераванд. Ман ҳамроҳи
меҳмонон меравам. Меҳмонҳо қисмҳои
компютерҳоро аз назар гузаронида хулоса намуданд, ки ҳамаи
қисмҳои зарури мавҷуд мебошанд. Васлкуниро худи ҳозир
сар кунанд, ҳам мешавад. Директор гуфтанд:
- Не, корро пагоҳ давом медиҳед. Хозир соат 8:30 шудааст. Рафта дам
мегиред. Пагоҳ корро давом медиҳед.
Ҳамин тавр мо аз мактаб баромада ба «Москвич»-и Умаров, ду усто, ман ва
директор савор шудем. Умаров ба сари чамбарак (рул) нишастанд. Ман
хавотиромезона гуфтам:
- Худо ки дар ин барф ба баланди барояд-дия. Умаров бо қатъият гуфтанд:
- Агар чунин меҳмонҳои зебо ба машинаи ман савор шаванд, ба
дилхоҳ баланди мебарояд. Мошин дар аввал каме лағжид ва пас аз он
мӯътадил ба роҳ даромад. Дар қисми болоии «Қалъаи хум»
каме лағжида бошад ҳам баландиро паси сар намудем. Дар пеш баландии
дуввум буд. Вай он қадар баланд набошад ҳам, барфи лағжонак
ба баланди баромаданро душвор менамуд. Гуфти Умаров
рост баромад. «Москвич» гуё сухани соҳибашро тасдиқ намудани шуда,
бе душвори аз баландии дуюм ҳам баромад. Давоми роҳ ба поён
мерафт. Пас аз 10 дақиқаи дигар ба хонаи Умаров расидем. Моро
аҳли оилаи Умаровҳо пешвоз гирифта ба хонаи тайёрнамудаашон
роҳбалади намуданд. Хона хеле хуб ва гарм карда шуда буд. Дастурхон
оро дода шуда дар он ҳамаи неъматҳо муҳайё карда шуда буданд.
Пас аз чанд пиёла чой директор ному насаби устоҳоро
пурсиданд. Маълум шуд ки он духтарак духтар не, писар будааст. Директор
хандида гуфтанд. ки бисёр омӯзгорони мо туро духтар хаёл кадаанд. Валерий
гуфт:
- Ман аз хушомадгӯиҳои онон фаҳмидам, лекин сир бой надодам. Ин
тавр ороиши муй, пӯшидани "ҷинс" холо мӯд аст
ва ман аз мӯд қафо мондани нестам. Директор гуфтанд:
- Ин мӯди ту нағз ба худат мезебад, вале каме хатарнок
аст. Ҳама аз та хти дил хандидем. Пас аз чанде ошро оварданд. Бисёр оши
хуб шуда буд. Гарчанде пештар ош хурда будем, боз ба қавле «ошро
задем». Пас аз ош то дергоҳ оиди масъалаҳои гуногун оиди
компютерикунони бо устҳоҳо сӯьбат намудем. Соатҳои 12
шаб директор ба хонаи худ рафтанд. Мо дар ҷойҳои ба мо пешниҳодшуда
ба хоб тайёри дидем. Лекин маро хоб набурд. Оиди компютерҳо - пагоҳ
чӣ тавр васл мешавад? Чӣ тавр кор мекунад? Оё ман кор фармудаву кор
карда метавонам?,- фикр карда хобам намебурд. Охир ман ин намуд компютерҳоро
бори аввал медидам. Ду се маротиба ба берун баромадам. Оқибат тахминан
соатҳои 3 хобам бурдааст. Бедор шудам, ки соат 6. Оҳиста хеста ба
хонаи дигар, ки баъзе ҳуҷҷатҳои компютерро устоҳо
оварда гузошта буданд, гузаштам. Дар вақти дар УДТ хонданам каму беш ба
забони барномасозии «Ассемблер» шинос будам. Хамон солхо таъминоти программавии
компютерхо ба монанди ин замон набуд. Истифодабаранда барои кори худ бояд программа
менавишт. Ба программасозӣ аҳамияти калон дода мешуд. Фикр
мекардам, ки мумкин бо ҳамин забон программа навиштан зарур бошад.
Оҳиста ҳуҷҷатҳоро варақ задам.
Программаи якуми ман дар забони "Фокал"
Дар ҳуҷҷатҳо оиди забони Фокал сухан мерафт. Ман ба он шинос набудам. Пас аз камтар бо диққат хондани ҳуҷҷатҳо фаҳмидам ки, дар забони «Фокал» оператори чопи информатсия Т ва дохилнамоии А будааст. Сатрҳои барнома бо ёрии ададҳои ҳақиқӣ рақамгузорӣ карда мешудааст. Пас аз камее омӯхтани ин забон дар дафтар программаи зеринро навиштам:
1.1 Т “
Ададеро нависед (дохил намоед)“
1.2 A C
1.3 T ! “Адади дохил намудаатон”; C
Ният намудам ки баробари ба кор омода шудани компютерҳо ин программаро
месанҷам.
Оҳиста оҳиста ҳама аз хоб хестанд, Пас аз шустушуй ва ба сари
дастурхон омадани мехмонон ширчой оварданд. Мо ширчойро хӯрда пас аз он
ба "Москвич" савор шуда ба мактаб равон шудем. Дар дохили мошин бо
ҳам шарт намудем, ки оиди мардбача будани Валерий ба касе чизе
намегӯем. Кани бинем чӣ мешавад? Омӯзгорон интизори омадани
мо буданд. Хамаи омӯзгорони аз дарс холи ба синфхонае, ки он
синфхонаи компютерӣ шуданаш зарур буд, ҷамъ омада хизмати худро
пешниход намудан гирифтанд. Бисёртар ба Валерий муроҷиат намуда дар
атрофи ӯ парвона буданд. Азбаски чунин коргарон зиёд буданд дар як
муддати кӯтоҳ мизу курсиҳои нав ба синфхонаи
компютерӣ оварда шуданд. Дар асоси нишондодҳои устоҳо
мизҳоро ба ҷойҳои зарурӣ гузошта ба болояшон
компютерҳо ҷойгир карда шуданд. Ноқили шабакаи синфи тайёр
будааст. Онро дасту бадаст ба компютерҳо пайваст намуда рӯи он
қисми ноқилҳо, ки аз рӯи фарш то компютери
марказӣ меояд, тунукапӯш карда шуданд.
Ба
ибтидои хамин сахифа
Кори ин
шабакаро компютери типии ДВК-2м идора мекардааст.
Компютери
ДВК-2М
Компютери БК-0010
Ин компютер ҷои кории омузгор будааст.
Ҷои кории хонанда.
Комплекти Кувт-86 дар синфи компютерии
мактаби миёнаи №16, деҳаи Қалъаи Баланд,
ш. Уротеппа (Истаравшан), соли 1987. Омӯзгор Тошев Муҳаммадӣ
ҳангоми дарси компютерӣ
Компютерҳои
ҷои кории хонандагон компютери типпи БК-0010 буд. Дар соати 11
ҳамаи компютерҳо ба ҷои зарури гузошта шуда барои ба кор
омодасози тайёр шуданд. Устоҳо бо навбат компютерҳои ҷои
кории хонандагонро ба ҷараён пайваст кардан гирифтанд. Пас аз ба кор
омода шудани компютер дар экран калимаи «Фокал БК 0010» чоп мешудааст.
Ҳамаи компютерҳо дуруст ба кор омода шуданд. Навбати компютери
марказӣ: ДВК-2м омад. Вай ба кор омода нашуд. Сабаб: Системаи
оператсионии он аз кор баромадааст. Диски системавӣ сифати паст
доштааст. Дискдонҳо ҳам ба гуфти устоҳо нағз кор
намекардаанд. Устоҳо компютерро кушода ба таъмир машғул шуданд. Бо
илоҷе соатҳои 5-и бегаҳӣ компютери марказӣ низ ба
кор омода карда шуд. Устоҳо тарзи кори шабакаи синфи, яъне гирифтан ва
фиристодани файлҳоро ба ман омӯзониданд. Пас аз он гуфтанд, ки оиди
забони программасозии «Фокал» чизе гуфта наметавонанд. Чунки худашон ин забонро
намедонанд. Ман программаи саҳари тартиб додаамро ба онҳо нишон
додам. Мо ҳамроҳ программаро ба компютер дохил намудем. Он кор
кард. Вақте, ки дар экрани он калимаи "Ададеро нависед (дохил
намоед)" чоп шуд ҳама бо ҳайрат садо намуданд. "Ээ ин
компютер тоҷикиро медонистааст". Вақте ки ман бо ёрии
клавиатура раками 5 -ро навишта тугмачаи "Ввод"-ро пахш намудам, дар
экран калимаи “Адади дохил кардаатон 5" чоп шуд хурсандии омӯзгорон
боз ҳам бештар шуд. ҳамин тавр мо 10-15 нафар омӯзгорон ва
устоҳо то соати 10-и шаб ба барномасозӣ машғул шуда дар
компютери марказии ДВК-2м бозӣ намудем. Шаб устоҳо дар хонаи
Умаров хобида саҳарӣ ба Душанбе баргаштанд. Танҳо пас аз
рафтани устоҳо аксарияти омӯзгорон оиди «зебосанам» маълумоти
саҳеҳ пайдо намуданд. Ин ҳодиса то ба як моҳ ё зиёдтар
мавзӯи ҳазлу шӯхиҳои мо буд.
Ба ибтидои хамин сахифа
Ман аз таҳти дил компютерҳоро омӯхта ба хонандагон меомӯзонидам. Асосан, ман худомӯзӣ менамудам. Маҷаллаи «Информатика в школе» ба ман беҳад ёрии хуб мерасонид. Дар асоси нишондодаҳои ин маҷалла ман телевизори «Горизонт школный» -ро дар кунҷи синф дар баланди ҷойгир намуда ба компютер пайваст намудам. Акнун ман имконият доштам, ки ҳангоми баёни мавзӯи нав ва ё ягон маълумоти зарури онро дар компютер сабт намуда бо ёрии телевизор намоиш диҳам. Боре моҳҳои марти соли 1987, ба мактаби мо мудири «ОБЛОНО» Турдиматов Ҳамлет Фозилович омаданд. Ба дарси ман иштирок намуданд. Махсусан намоишномаҳои бо ёрии телевизор истифода намудаи ман ба он кас хуш омад.
Дар вақти таҳлили дарси манн, он кас чунин
гуфтанд:
- Дарсатон ба мақсад расид. Кори хонандагон бо компютер нишон дода, ки
хонандагон мавзӯъро дуруст азхуд намудаанд. Дарсатон ба ман мақул
шуд. Он намоишномаҳои намоишдодаатон барои азхудкунии мавзӯъ
ёрии беандоза хуб расониданд. Онро бо ёрии видиомагнитофон намоиш додед-
мӣ?
- Не бо ёрии компютер.
- Дар синфхона видиомагнитофон ҳаст-мӣ?
-Не
-Набошад ба назди ман ба вилоят равед, супориш медиҳам, медиҳанд,
гирифта оед ва мувофиқи имконият дар дарсҳоятон истифода намоед.
Ааг истифодаи компютерҳо ва видиомагнитофоро ба дигар омузгорон
омӯзонед хело хуб мешавад.
- Хуб!
Ҳамон
вақтҳо видиомагнитофон ноёфт ва қариб, ки дар
мағозаҳо набуд. Бинобар он ҳар рӯз рафиқон-
омӯзгорон аз ман суол мекарданд, ки кай рафта видиомагнитофонро меорам.
Аммо ман онро овардани набудам. Агар меовардам, серкор мешудам. Рафиқон филм
тамошо кунем мегуфтанд. Маҷбур хамроҳи онҳо дар кабинет филм
тамошо намудан зарур мешуд. Вақт
беҳуда мерафт. Тайёри ба дарсҳои информатика аз ман вақти
зиёдеро талаб мекард. Бар замми ин, таъмирҳои хурди компютерҳо.
Компютерҳо сифати хуб надоштанд. Дар ҳамон вақтҳо барои
ҳар як компютери коркардаистода 5 сӯм маблағӣ
иловагӣ медоданд.(ба 5 сӯми он солҳо 40 дона нон харидан
мумкин буд. Нархи як халта орди 50кг 12.5 сӯм буд.) Бинобар он ман барои
дар ҳолати кори нигоҳ доштани компютерҳо кӯшиш
менамудам. Агар вайрон шаваду худам таъмир карда натавонам, ба таъмир мебурдам.
Умуман, ҳамон 5 –сӯм барои худи компютер сарф мешуд.
Вақти холигӣ набуд, ки ба вилоят равам. Боре вақт ёфта
ба вилоят рафтам. Турдиматов набуданд. Тахминан 2- соат дар
қабулгоҳ нишастам. Котиба, ки сабаби омаданамро медонист, ба ман
маслиҳат дод, ки ба таъминотчии воситаҳои техникии «ОБЛОНО»
(мудири хочагӣ) Маъруфов муроҷиат намоям. Мумкин аст, ки корам буд
шавад. Ман ба утои Маъруфов рафта оид ба супориши Турдиматов нақл намудам.
Маъруфов гуфтанд:
- Беҳтараш, дигар вақт оед. Холо ҳозир
видиомагнитофон нест. Ман гуфтам:
- Ҳарчӣ набошад, ҳам ман бояд мудирро бинам. Он кас супориш
дода буданд, ки ба наздашон оям. Омада надида равам, айб. Маъруфов
гуфтанд:
- Он кас кай меоянд, маълум не. Мумкин маҷлис дурурдароз давом
намояд ё ягон кори дигар барояд. Шумо аз роҳи дур омадаед.
Барвақттар ба роҳ бароед хуб мешавад. Ман оиди омадани шумо ба
мудир хабар медиҳам. Ман гуфтам:
- Ҳоло вақт барвақт. Дер шавад, дар меҳмонхона
мехобам. Ин якравии манро дида Маъруфов гуфтанд:
- Шумо дер омадед. Ман видиомагнитофонро ба дигар мактаб додам. Дигар нест.
Ҳозир ба назди мудир надароед. Фаҳманд, диққат
мешаванд. Ин навбат видиомагнитофон ояд, якум ба мактаби шумо
медиҳам. Як бор дастгирӣ намоед. Оянда дастгирӣ аз
тарафи мо мешавад. Ман розӣ шуда ба деҳа баргаштам.
Ба ибтидои хамин сахифа
Маро ба кор ба институт таклиф менамоянд.
Азбаски компютерикунони як маъракаи муҳими ҳамон давра буд. (ҳоло ҳам ин маърака тамом нашудааст. Ки медонад тамом мешавад ё не. Ба саршавии маъракаи компютерикунонии мактабҳо 2011 – 1985- 26 сол шуд. То ҳол мактабҳо бо компютерҳо ва кадрҳои ихтисосманд таъмин нестанд). Доимо оиди рафти он ба марказ ҳисобот додани ташкилотҳои поёни зарур буд. Пас аз Турдиматов, аз ҳукумати вилоят ва аз институти такмили ихтисосии омӯзгорон намояндаҳо омада ба дарсҳои ман иштирок намуданд. Ба ман таклиф намуданд, ки барои кор ба институти такмили ихтисоси омӯзгорон гузашта, барои пешбарии компютерикунонии мактабҳо ва тайёр намудани кадрҳои педагогӣ ҳиссаи худро гузорам. Махсусан Мухторхон Усмонов тарафдори ба иниститути такмили ихтисоси омӯзгорон омадани ман буданд. Агар ман ба вилоят ба кор равам, синфи компютерии ман бе омӯзгор мемонд. Бинобар он ман розӣ нашудам. Таклиф намуданд, ки ҳамчун ҳамкор дар ду ҷой кор кунам. Ман розӣ шудам. Ҳамин тавр ман аз 18 -маи соли 1987 дар инститиути такмили ихтисос ҳамчун ҳамкор ба кор оғоз намудам.
Ҳангоми
дар институт кор карданам бисёр вақт аз ман омӯзгорони ба курс
омада, намояндаҳо, ва дигарон унвонамро мепурсиданд. Ман ҷавоб
медодам, ки унвон надорам. Чанд бор муаллим Усмонов гуфтанд:
- Ба маъмурияти мактабатон гӯед ҳуҷҷатҳои
заруриро тайёр намуда ба унвони "Муаллими калон" пешниҳод
намоянд. Пас аз унвони "Муллими калон" гирифтанатон пас аз чанд
моҳ намояндаҳои мо ва ОБЛОНО ба мактабатон рафта ба унвони
навбати пешниҳод менамоянд. Хело меҳнат намуда кабинети
математикаро оро дода бо калкуляторҳо ҷиҳозонида будаед.
Асбобҳои гунгуни таълими сохтед ва ана боз кабинети информатикаро чун
кабинети намунавӣ ҷиҳозонидед, барои чӣ ба ягон унвон ё
мукофот пешниҳод нашудаед? Ман гуфтам:
- Ман умуман намедонистам ва фикр ҳам накарда будам, ки барои ин
корҳо мукофот ё унвон медодаанд. Ман он корҳоро корҳои
рӯзмара ва зарурии худ ҳисоб мекардам. Оиди ин масъала ягон бор ба
маъмурият муроҷиат накардаам. Маъмурияти мактаб низ ба ман оиди ин
масъала ягон чи нагуфтааст. Хуб маслиҳати Шуморо гирифта ба маъмурият
мегӯям.
- Муроҷиат намудани Шумо шарт набуд. Онҳо бояд худашон корҳои
шуморо ба ҳисоб гирифта пешбарӣ менамуданд.
Оиди ба унвон пешбарии худ ба
маъмурият гуфтам.
- Хуб албатта пешбари менамоем- гуфта ваъда доданд. Азбаски қисми амалии
дарсҳои курси омӯзгорон дар мактаби мо мегузашт, ҳар
моҳ 5- 10 рӯз Усмонов Мухторхон ва Рахимов Абдуваҳоб низ ба
мактаби мо меомаданд. Онҳо низ ба маъмурияти мактаб оиди ба унвон
пешбарӣ намудани ман маслиҳат доданд. Лекин аз тарафи
маъмурияти мактаб ва шуъбаи маориф ягон ҳаракате ё кӯшише
мушоҳида нашуд. Аз рафтори маъмурият ва ҷонишини
директор оид ба корҳои беруназсинфи Шарифов Холиқ маълум буд, ки
онҳо аз гузаштани курсҳои такмили ихтисос дар мактаби мо
розӣ нестанд. Шарифов чандин бор ба ман гӯшрас намуданд, ки компютери
мактаб барои мактаббачаҳои худамон. Омӯзгоронро ба мактаб оварда ба
кори мактаб халал нарасонед. Ман гуфтам:
- Омӯзгорон дар вақтҳои таътил меоянд ва ё дар
рӯзҳое, ки дарси информатика нест. Онҳо халал
намерасонанд. Ғайр аз ин, оиди дар ҳамин мактаб гузаронидани
қисми амалии курсҳои омӯзгорони информатика қарори
"ОБЛОНО" ҳаст, ки ман онро ба Шумо дастрас намуда будам. Агар
норозигие доред, ба онҳо муроҷиат намоед.
Бо сабаби он ки аз тарафи маъмурияти
мактаб ва шӯъбаи маориф оиди ба унвон ва ё мукофот пешбарӣ намудани
ман ягон кӯшише нашуд, институти такмили ихтисос қарор намуд, ки
барои санҷидани фаъолияти педагогии ман комиссияи махсус ташкил карда
шавад. Ин комиссияро, ки Рахимов Абдуваҳоб сарвари менамуданд
аз 23 марти соли 1988 то 20 апрел 1988 дар вақти гузаштани
курсҳо ё махсус омада ба дарсҳои ман иштирок намуда фаъолияти кории
манро омӯхтанд. Ҳуҷҷатҳои заруриро тайёр намуда
барои мукофот ё унвон ба ОБЛОНО пешниҳод намуданд. Сентябри соли 1988 бо
фармони №87-и Шуъбаи Маорифи халқии вилояти Ленинобод, ба ман номи
(унвони) "Маллими калон" дода
шуд.