Ваъда чизи хуб                                                      

Компютери мо  гум мешавад.
Омузгор - директор  
Мактаб компютердор мешавад.

Барои дарсҳои худ сохтани воситахои техникиро дӯст медоштам. Моҳҳои сентябри соли 1986 буд. Бо кӯшиши зиёде асбоберо сохтам. Бо ёрии он дониши хонандагонро оиди формулаҳои зарби мухтасар санҷидан мумкин буд. Асбоби сохтаи манро рафиқам Ахмадов Рахматҷон дида мақул намуд. Ӯ аз ман пурсид:
- Оё барои дарсҳои забон низ ба ҳамин монанд асбоберо сохтан мумкин аст? Ман ҷавоб додам:
- Ҳа мумкин. Масалан барои кадом қисми забон ё барои кадом кор?
- Масалан барои таҳлили ҷумла.
- Дурустар фахмонда деҳ, -гуфтам ман. Ӯ шарҳ дод:
- Масалан, барои таҳлили ҷумла. Ҷумла дода мешавад. Хонанда бояд, ки мубтадо, хабар ва қисмхои ҷумларо ёбад.
- Ҳа мешавад. Ҳамин асбоби сохтаамро такмил додан лозим аст.
- Илтимос, такмил медиҳимӣ, дигар  мекунимӣ, якто ба ҳамин монанд асбоби электрики сохта деҳ.
- Хуб уфтам ман.
    Ман барои сохтани асбоби  қисман электронӣ ва қисман механикӣ ваъда дода барои харидани қисмҳои зарурӣ маслиҳат додам. Пас аз ду рӯз мо ба сохтани ин асбоб шурӯъ намудем. Аввал танаи онро  сохта ранг намудем. Ҷойҳое, ки  кисмҳои идоракунии асбоб ҷойгир мешавад, муайян намудем. Пас аз хушк шудани ранг,  қисмҳои идоракунии асбобро ба ҷойҳои зарури васл намудем. Сохтан ва ҷойгир намудани қисми электронии асбоб  ва танзими он вақти зиёдеро мегирифт. Бинобар ман ва рафиқам дар кабинети забон ба сохтани асбоб овора шуда аз  гузаштани вақт бехабар мондем. Ногаҳон директори мактаб, устоди мо Ҷабборов Абдуманон омада монданд. Пас аз пурсупос гуфтанд.
- Дар ин нимишаби дар мактаб ба чӣ кор машгулед? Ман ба соат нигаристам. Соат аз 11 -ҳӣ шаб гузашта буд. Он кас дар ин дергоҳ ба мактаб омадани худро чунин шарҳ доданд:
- Ба дехаи Калъача ба туйи як ошноям рафта будам. Ҳангоми бозгашт нигох кунам, ки чароғи уток фурӯзон аст.  Барои чӣ чароғро хомӯш накардаанд?- гуфта ба мактаб омадам. Посбон гуфт, ки дар уток омӯзгорон Тошев ва Ахмадов  кор карда истодаанд. Омадам, то бубинам ба чӣ кор машгулед.  Ман ба устод оиди асбоби  математикии  сохтаам ва барои дарси забон сохта шудани асбоби нав нақл намудам. Ман боз ба кор машгул шудам. Пас аз чанд лахза директор гуфтанд.
- Муҳаммадиҷон! Сохтани асбоб хело душвор будааст. Ҳамин гуна асбоби тайёраш хаст-мӣ?. Агар тайёраш бошад, гирифта биёрем. Шумоён ин кадар азоб накашед. Ин суханро шунида Аҳмадов гуфт:
- Мегӯеду намеоред. Шумо ваъда доданро дӯст медоред. Оиди кабинети "Лингафонӣ" чанд бор гуфтам. Нашуд- ку?
- Не меорам! Ин асбоби хуб будааст. Ба ман маъкул шуд. Барои аз худ намудани формулаҳои зарби мухтасар бисёр ёрии хуб мерасонад. Агар чунин асбоб барои  таҳлили ҷумла мавҷуд бошад, беҳад хуб аст. Чунки ин ду амал барои ду фан аз хама асоситарин мебошанд. Меёбаму меорам.
            Ман корро катъ намуда як пиёла чои нимхунукро гардонида нушидам. Аз нав як пиёла рехта ба директор додам. Фикр намудам, ки ба директор чи гуям. Агар гуям, ки  чунин асбоб нест, мо худамон фикр карда сохта истодаем оҳу нохоҳ бовар намекунанд. Чӣ гуям ки хам чидди бошад ва ҳам шухи ва ҳам чизе дастраси мо гардад. Хамон солҳо компютерикунонии мактабҳо нав оғоз шуда буд. Асосан ҳоло таҷрибаҳо дар мактабҳои Маскав мегузаштанд. Фикр намудам, ки мумкин ба вазорати маорифи Точикистон супориш шуда бошад ки, тайёри бубинад. Ихтисомандонро ёфта чӣ тавр компютерикунонии мактабҳоро ба нақша гиранд. Пас аз чунин фикр ба устод гуфам:
- Ҳаст, муаллимҷон, ҳаст. Онро компютер меноманд. Лекин одами он компютерро гирифта меомадагӣ нест. Компютер бисёр қимат аст. Гумон аст, ки Шумо барои гирифтани он маблағ дарёфт намоед.
- Муҳаммадиҷон. Ман барои сохтани чунин мактаби типпи нави калон маблағ дарёфт карда тавонистаму барои як компютерчаи ту дарёфт карда наметавонам? Роҳи ҳалли ҳамаи корҳои ба мактаб заруриро ёфта метавонам. Ту фақат ҷояшро гуй, шуд. Ман худи пагоҳ рафта ёфта меорам.
- Ман ним ҷидди ва нимшӯхӣ гуфтам:
- Ба Вазорати маориф меравед. Ба назди худи вазир медароед. Мегӯед, ки ман оид ба масъалаи компютерикунонии мактабҳо омадам. Мо омӯзгори ихтисосманд дорем. Мепурсам, ки худи ҳозир ба мактаби мо компютер диҳед. Мумкин аст, ки вазир  оиди омӯзгори ихтисосманди компютерҳо  нобоварӣ изҳор намоянд.  Агар бовар накунанд, расми маро нишон медиҳед. Компютер медиҳанд.
- Бисёр хуб. Худи пагоҳ меравам.
- Боз то пагоҳ аз ёдатон набарояд. Ваъда чизи хуб-дия. Як пуф. Барои ваъда на қувват сарф мешаваду на маблағ -  гуфт Рахматчон.
- Ин ваъдаи ман хақиқӣ. Ман худи пагоҳ меравам. Корро бас кунетон, меравем.

Бо ҳамин мо корро  ба охир расонида ба хонахои худ рафтем. Пагоҳ ба мактаб омадем. Директор соати якум наомаданд. Раҳматҷон гуфт: Ба фикрам Ҷабборов ба Душанбе рафтанд. Ту шаб шӯхи карди ё гуфтаҳоят ҷидди буд. Холо на дар ҳамаи мактабҳои Москва компютер хаст. Дар мактаби махсусан деҳа аз куҷо. Компютер намедиҳанд. Ёфта омада наметавонанд. Ҳар вақт ваъда чизи хуб гуфта гаштан мегирем. Ба ман баҳонаи хуб шуд. Ман гуфтам: 
- Наоранд ҳам, дар руйихати вазорат дар ҷои якум номи мактаби худамон мешавад. Вазир аз куҷо донанд, ки ман ихтисосманди компютер ё не. Бовар мекунанд. Чунки ҳозир компютерикунони масъалаи якуминдараҷа шудааст. Ёфтани мутахасисе, ки компютерҳоро омӯзонад хело душвор.
- Туро мешиносанд- ми?
- Не.
- Ту ки дар шаҳри Душанбе хондаи, ман фикр кардам ки туро вазир  мешинохтаанд.
- Эҳ, ана Ҷабборов омада истодаанд. Нарафта будаанд. Ҳангоми вохӯрди "Ваъда чизи хуб" гуфан аз ёдат набарояд.
- Хуб аз ёдам намебарояд.
    Ҳамин тавр мо ду рӯз ваъда чизи хуб гуфта гаштем. Рузи сеюм дар ҳақиқат Ҷабборов ба пойтахт ба шаҳри Душанбе рафтанд. Пас аз ду рӯз баргаштанд. Гуфанд, ки ба руйихати вазорат дохил намуданд. Худи вазир ваъда додаанд, ки якум ба мактаби мо  мефиристонанд. Ба суханҳои Ҷабборов бовар накарда ҳар чанд рӯз ҳангоми суҳбатҳо даркору нодаркор сухани: "Ваъда чизи хуб" о такрор намуда ба асаби директорамон расида гаштем. (Мо барои директор, устодамон бисёр эрка будем. Чунки дар ҳаёти мо барои мо танҳо мактаб вуҷуд дошт. Бинобар он Ҷабборов моро дӯст медоштанд.)  Дигар омӯзгорон чунин шӯхи намекарданд. Ғайр аз ин, дигарон аз суҳбати нимишабӣ хабар надоштанд. Ҷумлаи "Ваъда чизи хуб" бо кадом мақсад ва барои кӣ ё барои чӣ гуфта мешавад, намедонистанд. Оиди он мо танҳо се нафар медонистем.  

ба ибтидои хамин сахифа.

Компютери мо  гум мешавад. 

        Охирҳои моҳи октябр аз вазорати маориф бо имзои вазир мактуб аркия омад. Дар баркия гуфта мешуд, ки ба вилоят рафта аз "ОБЛОНО" компютерро гирем. Аз хурсанди ман ҷойи нишаст намеёфтам. Ҷабборов аз ман ҳам хурсандтар буданд. Барқия дар даст ба сӯи Ахмадов сухан мепарониданд. Бо зуди ба номи мудири хочагӣ Умаров Берди боваринома тайёр намуданд. Мо бо он кас ҳамроҳ ба вилоят рафтем. Лекин дар он ҷой гуфтанд, ки компютер нест. Наомадааст. Ба чандин идораҳои дахлдор муроҷиат намудем. Ба амбори воситаҳои техники рафтем. Ба магозаи востаҳои аёнӣ ва техникӣ рафтем  нест, ки нест. Ҳарчанд гуфтем ки ба мо аз Вазир барқия омадааст. Бояд компютер омада бошад, касе бовар накард. Худи барқия низ гум шуда буд. Ман аз Умаров ва он кас аз ман мепурсиданд: Барқияро оё нагирифтаам? Мо фикр намудем, ки барқия дар мактаб мондааст. Телефон кардем. Гуфтанд, ки барқия бояд дар мо бошад. (Ба фикрам дар рох ман ё Умаров барқияро афтонида будем.) Бе компютер ба мактаб баргаштем. Ман маслиҳат додам, ки ба вазир барқия фиристем, ки компютер ба вилоят наомадааст. Лекин Ҷабборов  манъ намуданд. Гуфтанд, ки:
- Наомадааст гуфтанд, наомадааст. Агар омада бошаду онҳо надода бошанд, пас аз барқияи фиристодаи мо зидияти  вилояту район ва району мактаб ба вуҷуд меояд. Ман боз ба Душанбе равам, худам ба назди вазир даромада ба ин масъала равшани меандозам. 
           Баътар маълум шуд, ки компютерҳоро ба мактаби рақами 18 –и себзори вилоят дода будаанд. Ман  моҳи ноябр  ба курси бозомузии омузгорони фанни информатика ба вилоят рафтам. Курс хо, асосан, дар мактаби номбаршуда гузаштанд.  Дар синфи компютери компютерҳои намуди "Агат" гузошта шуда буд. Мо курсро дар ҳамин мактаб бо истифода аз компютерҳои "Агат"  гузаштем. Ин аввалин синфи компютерӣ дар вилоят буд. Омӯзгори фанни информатикаи мактаб Собиров буданд.  

ба ибтидои хамин сахифа.

Омузгор - директор

          Моҳи ноябр омӯзгори фанни математика Рауфов Ғафурҷонро директор Ҷабборов "ба курси бозомузии омӯзгорони математика рафтанатон зарур";- гуфта ба ш. Душанбе фиристоданд. Ғафурҷон аз курс ба мо бо хушхабар баргашт.  Аввал на нақл намуд, ки курси рафтаи вай курси бозомузии омӯзгорони математика не, балки курси директорҳо будааст. (Аз афташ директор худашон нарафта ӯро фиристодаанд. Мумкин ӯро чун директории ояндаи мактаб ба нақша гирифта бошанд).
- Вақте  фаҳмидам, ки ин курси директорҳо будааст, хостам баргашта оям. Лекин ба маблағи сарфшуда дилам сӯхт. Фикр намудам ки, хайр агар ягон маълумотҳои  нав бошад омӯхта ба мактаб баргашта ба директор мефаҳмонам. Ғайр аз ин дар курс кӣ медонад ки, ман директор ё не. Бо ҳамин  фикр то охири курс ба дарсҳо иштирок намудам. Дар рӯзи охир худи вазири маориф Додобоев  омада бо мо сӯхбат намуданд. Он кас оиди зарурияти компютерикунонии мактабҳо сухан намуда ба директорони мактабҳо  супориш доданд, ки дар нақшаи худ компютерикунонии мактабашонро дохил намуда, барои компютерикунонии мактабашон  замина тайёр намоянд. Дар охири сухан оиди рафти компютерикунони сухан ронда гуфтанд, ки дар вилояти Ленинобод  мактаби рақами 16 –и деҳаи Калъаи Баланд бо сабаби омӯзгори ихтисосманд доштанаш,  авалин шуда бо компютерҳо  ҷиҳозонида шуд. Ман ба ҳайрат мондам. Хостам гӯям, ки ин дурӯғ аст. Лекин дар байни директорон дуругӯй кардани вазир  нағз не гуфта сухан накардам. Вақте  ки  танаффус шуд ва ҳама ба берун баромадем, ба назди он  кас рафта арз намудам:
-   Шумо мактаби рақами 16 комютеронида шуд уфтед. Ман директори мактаби 16. Мо компютер надорем, нагирифтем. Он кас каме ба ман нигоҳ карда истоданд. (Аз афташ директораш ба хаёлам дигар буд-ку гуфта фикр намуданд). Баъд дафтарашонро кушода чизе навишта гуфтанд, ки компютер мефиристонанд. 

ба ибтидои хамин сахифа.

    Мактаб компютердор мешавад.

    Моҳи декабери соли 1986 аз Вазири маорифи Тоҷикистон ба номи мактаб барқияи навбати омад. Дар он гуфта мешуд, ки мактаб бо зудди аз вилоят компютерҳоро гирад. Оиди гирифта шудани компютер барқияи ҷавоби фиристад.  Ин навбат ман танҳо ба вилоят рафтам. Директор гуфтанд, ки рафта бинед, агар дар ҳақиқат компютер бошад пас аз он мошин бурда гирифта меорем. Ман  барқияро ба монандаи гавҳараки чашм эхтиёт менамудам. Хар лаҳза хабар мегирифтам, ки оё дар ҷои мондаам истодааст ё не. Ба мавҷуд будани барқия боварӣ ҳосил намуда хотирҷамъ шуда ба вилоят расида омадам. Лекин дар вилоят ба монанди аввала компютер нест, наомадааст –гуфта ҷавоб доданд. Ба барқия низ эътиборе надоданд. Ман аз почтаи марказии шахор ба директорамон телефон намуда оиди воқеъа нақл намуда гуфтам.
 – Ба монанди аввала компютер нест наомадааст мегӯянд. Ман аз ҳамин ҷо ба номи вазир барқия фиристода оиди он ки дар вилоят компютер нест гуфтанд,  хабар медиҳам. Директор розӣ нашуданд. Ман гуфтам:
- Ман аз номи худам барқия медиҳам. Агар ҳодисае рух диҳад, Шумо мегӯед, ки бехабаред. Омӯзгоратон худаш ин корро кардааст. Ба давоми сухани директор гӯш накарда гушаки телефонро гузоштам. Ба Вазир оиди воқеъаи бори аввал ва ин дуюм руйдода барқия фиристодам. Мувофиқи ваъдаам шахси барқия фиристодаро: "Омузгори фанни Информатикаи мактаби раками 16" навиштам.  Ноумедона ва хело шалпар ба деҳа баргаштам. Рӯзи дигар саҳарӣ, барқияи таъҷилии  ҷавоби омад. Дар он гуфта  мешуд, ки: Компютерҳо фиристода шудааст. Ба «ОБЛОНО» рафта ҳуҷҷатҳои компютер ва компютерро гиред. Оиди гирифта шудани компютерҳо барқияи ҷавоби фиристед. Ман бо ҳамроҳии мудири хоҷагӣ як мошини боркашро  аз совхоз гирифтем. Барои гирифтани компютерҳо ба вилоят рафтем.  Дар утоки таъминоти воситаҳои техникии мактабҳо  ба мо гуфтанд, ки барои гирифтани компютер имзои мудири «ОБЛОНО» зарур аст. Мо ба қабули мудири  рафта ба навбат истодем. Котиба аз мо бо кадом мақсад омаданамонро пурсида ба мудир хабар дод. Мудир гуфтаанда, ки агар директорашон омада бошанд дароянд. Умаров ин суханро шунида  охиста афсӯс хӯрданд, ки бо дасти холӣ бармегардем. Директор омаданашон зарур будааст. Беҳуда мошинро овора намудем. Ман пас аз каме фикр гуфтам:
- Худатон даромадан гиред. Он кас аз куҷо директори ким кадом мактаби деҳаро мешиносанд. Дароеду - ман директор, уед кор тамом. Умаров гуфтанд:
- Не ту даро. Компютер ба ту даркор. Ту компютер гуфта ҳамаро сарсон карда истодаи. Дар вилояту шаҳр несту ба ту компютер мерасад-мӣ? Ғайр аз ин ту хондагӣ ман чӣ, маълумотам миёна. Ман гуфтам:
- Дуруст. Лекин ба ман нигоҳ кунед. Харобу қоқ, бовар намекунанд. Шумо фарбеҳтари шикамдор. Сину солатон низ калонтар. Ҳам либосхоятон бад не. Даред, чи ки шуд, шуд. Як бор лаҳзае бошад ҳам, директор шавед. Кӣ медонад, бори дигар чунин имконият мешавад ё не?   Дароед як бор директор шуда гиред. Умаров каме дудила шуда истоданд. Дар ҳамин вақт котиба садо намуд, ки медаромада бошед дароед, ки мудир интизоранд. Умаров ноилоҷ ба назди мудир даромаданд. Ман интизор шудам. Тахминми пас аз  ним соат  он кас баромаданд. Гуё, ки ба об тар карда бошанд аз ҳар як тори мӯяшон арақ мерехт. Бо ғазаб ба ман як нигоҳ карда бе гап аз дар ба роҳрав баромаданд. Ман аз паси он кас. То назди мошин бе гап омадем. Ба саволҳои ман:
-  Мудир чӣ гуфтанд  ва дар утоки мудир чӣ вокеъа рух дод, ҷавобе нагуфтанд. Ба мағозаи воситаҳо техникӣ рафата ҳуҷҷатҳои аз мудир гирифтаро пешниҳод намудем. Дар он ҷой дигар ҳуҷҷатҳоро тахт намуда моро ба шаҳрчаи Чкаловск ба амбори воситаҳои техникӣ фиристоданд. Аз он ҷой ба мо чандин куттиҳоро доданд. Дар қуттиҳо компютерҳо буданд. Ба мо суроғаеро дода фаҳмониданд, ки ба ин сурога барқия диҳем. Ихтисосмандон омада компютерҳоро дар синфхонаи компютериатон ҷойгир ва танзим карда медиҳанд. Мо компютерҳоро ба мактаб оварда ба амбори утокӣ  ҳарбӣ ки, сигнализатсия ва панҷара дошт, гузоштем. Ба устоҳо баркия дода   интизори омадани  онҳо шудем.  Аз онҳо дарак набуд. Ман сохтани асабобро барои таҳлили ҷумла ба охир расонидам. Асбоб ба омӯзгорони фанни забон мақул шуд. Соли нави 1987 ро бо муваффакият пешвоз гирифтем. Аз устоҳо дарак набуд. Бори дувум баркия додем. Интизорӣ мекашидем.  

ба ибтидои хамин сахифа.

           Ба ин саҳифа дохил шуда ба маводҳои дигар шинос шавед:   

Зебосанам.