Рейтинг@Mail.ru

Ваъда чизи хуб

 

 

Компютери мо  гум мешавад.
Омузгор - директор  
Мактаб компютердор мешавад.

Барои дарсхои худ сохтани воситахои техникиро дуст медоштам. Моххои сентябри соли 1986 буд. Бо кушиши зиёде асбоберо сохтам, бо ёрии он дониши хонандагонро оиди формулахои зарби мухтасар санчидан мумкин буд. Асбоби сохтаи манро рафикам Ахмадов Рахматчон дида макул намуд. У аз ман пурсид:
- Оё барои дарсхои забон низ ба хамин монад асбоберо сохтан мумкин аст? Ман чавоб додам:
- Ха. Масалан барои кадом кисми забон ё барои кадом кор?
- Масалан барои тахлили чумла.
- Дурустар фахмонда дех, -гуфтам ман. У шарх дод:
- Масалан, барои тахлили чумла. Чумла дода мешавад. Хонанда бояд, ки мубтадо, хабар ва кисмхои чумларо ёбад.
- Ха мешавад. Хамин асбоби сохтаамро такмил додан лозим аст.
- Илтимос, такмил медихими, дигар  мекуними, якто ба хамин монанд асбоби электрики сохта дех.
- Хуб -гуфтам ман.
    Ман барои сохтани асбоби  кисман электрони ва кисман механики ваъда дода барои харидани кисмхои зарури маслихат додам. Пас аз ду руз мо ба сохтани ин асбоб шуруъ намудем. Аввал танаи онро  сохта ранг намудем. Чойхое, ки  кисмхои идоракунии асбоб чойгир мешавад, муайян намудем. Пас аз хушк шудани ранг,  кисмхои идоракунии асбобро ба чойхои зарури васл намудем. Сохтан ва чойгир намудани кисми электронии асбоб  ва танзими он вакти зиёдеро мегирифт. Бинобар ман ва рафикам дар кабинети забон ба сохтани асбоб овора шуда аз  гузаштани вакт бехабар мондем. Ногахон директори мактаб, устоди мо Чабборов Абдуманон омада монданд. Пас аз пурсупос гуфтанд.
- Дар ин нимишаби дар мактаб ба чи кор машгулед? Ман ба соат нигаристам. Соат аз 11 -хи шаб гузашта буд. Он кас дар ин дергох ба мактаб омадани худро чунин шарх доданд:
- Ба дехаи Калъача ба туйи як ошноям рафта будам. Хангоми бозгашт нигох кунам, ки чароги уток фурузон аст.  Барои чи чарогро хомуш накардаанд?- гуфта ба мактаб омадам. Посбон гуфт, ки дар уток омузгорон Тошев ва Ахмадов  кор карда истодаанд. Омадам, то бубинам ба чи кор машгулед.  Ман ба устод оиди асбоби  математикии  сохтаам ва барои дарси забон сохта шудани асбоби нав накл намудам. Ман боз ба кор машгул шудам. Пас аз чанд лахза директор гуфтанд.
- Мухаммадичон! Сохтани асбоб хело душвор будааст. Хамин гуна асбоби тайёраш хаст-ми?. Агар тайёраш бошад, гирифта биёрем. Шумоён ин кадар азоб накашед. Ин суханро шунида Ахмадов гуфт:
- Мегуеду намеоред. Шумо ваъда доданро дуст медоред. Оиди кабинети "Лингафони" чанд бор гуфтам. Нашуд- ку?
- Не меорам! Ин асбоби хуб будааст. Ба ман маъкул шуд. Барои аз худ намудани формулахои зарби мухтасар бисёр ёрии хуб мерасонад. Агар чунин асбоб барои  тахлили чумла мавчуд бошад, бехад хуб аст. Чунки ин ду амал барои ду фан аз хама асоситарин мебошанд. Меёбаму меорам.
            Ман корро катъ намуда як пиёла чои нимхунукро гардонида нушидам. Аз нав як пиёла рехта ба директор додам. Фикр намудам, ки ба директор чи гуям. Агар гуям, ки  чунин асбоб нест, мо худамон фикр карда сохта истодаем -хоху нохох бовар намекунанд. Чи гуям ки хам чидди бошад ва хам шухи ва хам чизе дастраси мо гардад. Хамон солхо компютерикунонии мактабхо нав сар шуда буд. Асосан холо тачрибахо дар мактабхои Маскав мегузаштанд. Фикр намудам, ки мумкин ба вазорати маорифи Точикистон супориш шуда бошад, ки тайёри бубинад. Ихтисомандонро ёфта чи тавр компютерикунонии мактабхоро ба накша гирад. Пас аз чунин фикр ба устод гуфам:
- Хаст, муалимчон, хаст. Онро компютер меноманд. Лекин одами он компютерро гирифта меомадаги нест. Чунки вай бисёр кимат аст. Гумон аст, ки Шумо барои гирифтани он маблаг дарёфт намоед.
- Мухаммадичон. Ман барои сохтани чунин мактаби типпи нави калон маблаг дарёфт карда тавонистаму барои як компютерчаи ту дарёфт карда наметавонам? Рохи халли хамаи корхои ба мактаб заруриро ёфта метавонам. Ту факат чояшро гуй, шуд. Ман худи пагох рафта ёфта меорам.
- Ман ним чидди ва нимшухи гуфтам:
- Ба Вазорати маориф меравед. Ба назди худи вазир медароед. Мегуед, ки ман оид ба масъалаи компютерикунонии мактабхо омадам. Мо омузгори ихтисосманд дорем. Мепурсам, ки худи хозир ба мактаби мо компютер дихед. Мумкин аст, ки вазир  оиди омузгори ихтисосманди компютерхо  нобовари изхор намоянд.  Агар бовар накунанд, расми маро нишон медихед. Компютер медиханд.
- Бисёр хуб. Худи пагох меравам.
- Боз то пагох аз ёдатон набарояд. Ваъда чизи хуб-дия. Як пуф. Барои ваъда на кувват сарф мешаваду на маблаг,-  гуфт Рахматчон.
- Ин ваъдаи ман хакики. Ман худи пагох меравам. Корро бас кунетон, меравем. Бо хамин мо корро  ба охир расонида ба хонахои худ рафтем. Пагох ба мактаб омадем. Директор соати якум наомаданд. Рахматчон гуфт: Ба фикрам, Чабборов ба Душанбе рафтанд. Ту шаб шухи карди ё гуфтахоят чидди буд. Холо на дар хамаи мактабхои Москва компютер хаст. Дар мактаби махсусан деха аз кучо. Ёфта омада наметавонад. Хар вакт ваъда чизи хуб гуфта гаштан мегирем. Ба ман бахонаи хуб шуд. Ман гуфтам: 
- Наоранд хам, дар руйихати вазорат дар чои якум номи мактаби худамон мешавад. Вазир аз кучо донад, ки ман ихтисосманди компютер ё не. Бовар мекунанд. Чунки хозир компютерикунони масъалаи якуминдарача шудааст. Ёфтани мутахасисе, ки компютерхоро омузонад хело душвор.
Туро мешиносанд- ми?
- Не.
- Ту ки дар шахри Душанбе хондаи, ман фикр кардам ки туро вазир  мешинохтаанд.
- Эх, ана Чабборов омада истодаанд. Нарафта будаанд. Хангоми вохурди "Ваъда чизи хуб" гуфан аз ёдат набарояд.
- Хуб аз ёдам намебарояд.
    Хамин тавр мо ду руз ваъда чизи хуб гуфта гаштем. Рузи сеюм дар хакикат Чабборов ба пойтахт ба шахри Душанбе рафтанд. Пас аз ду руз баргаштанд. Гуфанд, ки ба руйихати вазорат дохил намуданд. Худи вазир ваъда додаанд, ки якум ба мактаби мо  мефиристонанд. Ба суханхои Чабборов бовар накарда хар чанд руз хангоми сухбатхо даркору нодаркор сухани: "Ваъда чизи хуб" -ро такрор намуда ба асаби директорамон расида гаштем. (Мо барои директор, устодамон бисёр эрка будем. Чунки дар хаёти мо барои мо танхо мактаб вучуд дошт. Бинобар он дуст медоштанд.)  Дигар омузгорон чунин шухи намекарданд. Гайр аз ин, дигарон аз сухбати нимишаби хабар надоштанд. Чумлаи "Ваъда чизи хуб" бо кадом максад ва барои ки ё барои чи гуфта мешавад, намедонистанд. Оиди он мо танхо се нафар медонистем).  

ба ибтидои хамин сахифа.

Компютери мо  гум мешавад. 

        Охирхои мохи октябр аз вазорати маориф бо имзои вазир мактуб -баркия омад. Дар баркия гуфта мешуд, ки ба вилоят рафта аз "ОБЛОНО" компютерро гирем. Аз хурсанди ман чойи нишаст намеёфтам. Чабборов аз ман хам хурсандтар буданд. Баркия дар даст ба суи Ахмадов сухан мепарониданд. Бо зуди ба номи мудири хочаги Умаров Берди боваринома тайёр намуданд. Мо бо он кас хамрох ба вилоят рафтем. Лекин дар он чой гуфтанд, ки компютер нест. Наомадааст. Ба чандин идорахои дахлдор мурочиат намудем. Ба амбори воситахои техники рафтем. Ба магозаи востахои аёни ва техники рафтем  нест, ки нест. Харчанд гуфтем ки ба мо аз Вазир баркия омад, бояд компютер омада бошад, касе бовар накард. Худи баркия низ гум шуда буд. Ман аз Умаров ва он кас аз ман мепурсиданд: Баркияро оё нагирифтаам? Мо фикр намудем, ки баркия дар мактаб мондааст. Телефон кардем. Гуфтанд, ки баркия бояд дар мо бошад. (Ба фикрам дар рох ман ё Умаров баркияро афтонида будем.) Бе компютер ба мактаб баргаштем. Ман маслихат додам, ки ба вазир баркия дихем, ки компютер ба вилоят наомадааст. Лекин Чабборов  манъ намуданд. Гуфтанд, ки:
- Наомадааст гуфтанд, наомадааст. Агар омада бошаду онхо надода бошанд, пас аз баркияи фиристодаи мо зидияти  вилояту район ва району мактаб ба вучуд меояд. Ман боз ба Душанбе равам, худам ба назди вазир даромада ба ин масъала равшани меандозам. 
           Баътар маълум шуд, ки компютерхоро ба мактаби раками 18 –и себзори вилоят дода будаанд. Ман  мохи ноябр  ба курси бозомузии омузгорони фанни информатика ба вилоят рафтам. Курсхо, асосан, дар мактаби номбаршуда гузаштанд.  Дар синфи компютери компютерхои типи "Агат" гузошта шуда буд. Мо курсро дар хамин мактаб бо истифода аз компютерхои "Агат"  гузаштем. Ин аввалин синфи компютери дар вилоят буд. Омузгори фанни информатикаи мактаб Собиров буданд.  

ба ибтидои хамин сахифа.

                                                                                   Омузгор - директор

         Мохи ноябр омузгори фанни математика Рауфов Гафурчонро директор Чабборов "ба курси бозомузии омузгорони математика рафтанатон зарур";- гуфта ба ш. Душанбе фиристоданд. Гафурчон аз курс ба мо бо хушхабар баргашт. + аввал накл намуд, ки курси рафтаи вай курси бозомузии омузгорони математика не, балки курси директорхо будааст. (аз афташ директор худашон нарафта уро фиристодаанд).
- Вакте  фахмидам, ки ин курси директорхо будааст, хостам гашта оям. Лекин ба маблаги сарфшуда дилам сухт. Фикр намудам, ки хайр, агар ягон чизи нав бошад омухта ба мактаб баргашта ба директор мефахмонам. Гайр аз ин, дар курс ки медонад, ки ман директор ё не. Бо хамин  фикр то охири курс ба дарсхо иштирок намудам. Дар рузи охир худи вазири маориф Додобоев  омада бо мо сухбат намуданд. Он кас оиди зарурияти компютерикунонии мактабхо сухан намуда ба директорони мактабхо  супориш доданд, ки дар накшаи худ компютерикунонии мактабашонро дохил намуда, барои компютерикунонии мактабашон  замина тайёр намоянд. Дар охири сухан оиди рафти компютерикунони сухан ронда гуфтанд, ки дар вилояти Ленинобод  мактаби раками 16 –и дехаи Калъаи Баланд бо сабаби омузгори ихтисосманд доштанаш,  авалин шуда бо компютерхо  чихозонида шуд. Ман ба хайрат мондам. Хостам гуям, ки ин дуруг аст. Лекин дар байни директорон дуругуй кардани вазир  нагз не гуфта сухан накардам. Вакте  ки  танаффус шуд ва хама ба берун баромадем, ба назди он  кас рафта арз намудам:
-   Шумо мактаби раками 16 комютеронида шуд -гуфтед. Ман директори мактаби 16. Мо компютер надорем, нагирифтем. Он кас каме ба ман нигох карда истоданд. (Аз афташ директораш ба хаёлам дигар буд-ку гуфта фикр намуданд). Баъд дафтарашонро кушода чизе навишта гуфтанд, ки компютер мефиристонанд. 

ба ибтидои хамин сахифа.

    Мактаб компютердор мешавад.

    Мохи декабери соли 1986 аз Вазири маорифи Точикистон ба номи мактаб баркияи навбати омад. Дар он гуфта мешуд, ки мактаб бо зудди аз вилоят компютерхоро гирад. Оиди гирифта шудани компютер баркияи чавоби фиристад.  Ин навбат ман танхо ба вилоят рафтам. Директор гуфтанд, ки рафта бинед, агар дар хакикат компютер бошад пас аз он гирифта меорем. Ман  баркияро ба монандаи гавхараки чашм эхтиёт менамудам. Хар лахза хабар мегирифтам, ки оё дар чои мондаам истодааст ё не. Ба мавчуд будани баркия бовари хосил намуда хотирчамъ шуда ба вилоят расида омадам. Лекин дар вилоят ба монанди аввала компютер нест, наомадааст –гуфта чавоб доданд. Ба баркия низ эътиборе надоданд. Ман ба директорамон телефон намуда оиди вокеъа накл намуда гуфтам.
 – Ба монанди аввала компютер нест наомадааст мегуянд. Ман аз хамин чо ба номи вазир баркия фиристода оиди он ки дар вилоят компютер нест гуфтанд,  хабар медихам. Директор рози нашуданд. Ман гуфтам:
- Ман аз номи худам баркия медихам. Агар ходисае рух дихад, Шумо мегуед, ки бехабаред. Омузгоратон худаш ин корро кардааст. Ба давоми сухани директор гуш накарда гушаки телефонро гузоштам. Ба вазир оиди вокеъаи бори аввал ва ин дуюм руйдода баркия фиристодам. Мувофики ваъдаам шахси баркия фиристодаро: "Омузгори фанни Информатикаи мактаби раками 16" навиштам.  Ноумедона ва хело шалпар ба деха баргаштам. Рузи дигар сахари, баркияи таъчилии  чавоби омад. Дар он гуфта  мешуд, ки: Компютерхо фиристода шудааст. Ба «ОБЛОНО» рафта хуччатхои компютер ва компютерро гиред. Оиди гирифта шудани компютерхо баркияи чавоби фиристед. Ман бо хамрохии мудири хочаги як мошини боркашро  аз совхоз гирифтем. Барои гирифтани компютерхо ба вилоят рафтем.  Дар утоки таъминоти воситахои техники ба мо гуфтанд, ки барои гирифтани компютер имзои мудири «ОБЛОНО» зарур аст. Мо ба кабули мудири  рафта ба навбат истодем. Котиба аз мо бо кадом максад омаданамонро пурсида ба мудир хабар дод. Мудир гуфтаанда, ки агар директорашон омада бошанд дароянд. Умаров ин суханро шунида  охиста афсус хурданд, ки бо дасти холи бармегардем. Директор омаданашон зарур будааст. Бехуда мошинро овора намудем. Ман пас аз каме фикр гуфтам:
- Худатон даромадан гиред. Он кас аз кучо директори ким кадом мактаби дехаро мешиносанд. Дароеду - ман директор, -гуед кор тамом. Умаров гуфтанд:
- Не ту даро. Компютер ба ту даркор. Ту компютер гуфта хамаро сарсон карда истодаи. Дар вилояту шахр несту ба ту компютер мерасад-ми? Гайр аз ин ту хондаги ман чи, маълумотам миёна. Ман гуфтам:
- Дуруст. Лекин ба ман нигох кунед. Харобу кок, бовар намекунанд. Шумо фарбехтари шикамдор. Сину солатон низ калонтар. Хам либосхоятон бад не. Даред, чи ки шуд, шуд. Як бор лахзае бошад хам, директор шавед. Ки медонад, бори дигар чунин имконият мешавад ё не?   Дароед як бор директор шуда гиред. Умаров каме дудила шуда истоданд. Дар хамин вакт котиба садо намуд, ки медаромада бошед дароед, ки мудир интизоранд. Умаров ноилоч ба назди мудир даромаданд. Ман интизор шудам. Пас аз тахминан ним соат  он кас баромаданд. Гуё, ки ба об тар карда бошанд аз хар як тори муяшон арак мерехт. Бо газаб ба ман як нигох карда бе гап аз дар ба рохрав баромаданд. Ман аз паси он кас. То назди мошин бе гап омадем. Ба саволхои ман:  Мудир чи гуфтанд  ва дар утоки мудир чи вокеъа рух дод: Чавобе нагуфтанд. Ба магозаи воситахо техники рафата хуччатхои аз мудир гирифтаро пешниход намудем. Дар он чой дигар хуччатхоро тахт намуда моро ба шахрчаи Чкаловск ба амбори воситахои техники фиристоданд. Аз он чой ба мо чандин куттихоро доданд. Дар куттихо компютерхо буданд. Ба мо сурогаеро дода фахмониданд, ки ба ин сурога баркия дихем. Ихтисосмандон омада компютерхоро дар синфхона чойгир ва танзим карда медиханд. Мо компютерхоро ба мактаб оварда ба амбори утоки  харби, ки сигнализатсия ва панчара дошт гузоштем. Ба устохо баркия дода   интизори омадани  онхо шудем.  Аз онхо дарак набуд. Ман сохтани асабобро барои тахлили чумла ба охир расонидам. Асбоб ба омузгорони фанни забон макул шуд. Соли нави 1987 ро бо муваффакият пешвоз гирифтем. Аз устохо дарак набуд. Бори дувум баркия додем. Интизори мекашидем.  

<
ба ибтидои хамин сахифа.

Ба сахифаи асоси

 

 

 

Рейтинг@Mail.ru

Открытие сайта!
Сегодня наш сайт создан и постепенно будет пополняться полезной информацией.

Рейтинг@Mail.ru